Иқтисоди рақамӣ муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ, инноватсионӣ ва тағйироти иҷтимоии ҷаҳони муосир мебошад. Дар шароити рақамисозии ҷаҳонӣ кишварҳое, ки ба технологияҳои рақамӣ сармоягузорӣ мекунанд, бартариятҳои назарраси рақобатнокӣ доранд. Рақамикунонӣ ба баланд бардоштани самаранокии равандҳои тиҷорат, рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти хосса дорад, зеро он ба такмили иқтисодиёт, тағйири сохтори он ва ҳамгироӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, 28-уми декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро давраи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуда, зарурати таъмини пурраи хизматрасониҳои давлатиро таъкид доштанд.
Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ ҳафт самти муҳим муайян шуданд, ки ба онҳо бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Албатта, ҳадаф аз ин ташаббус ба зинаи нави рушди инноватсиониву технологӣ расондани Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, ба вазорату идораҳои дахлдори соҳа супориш дода шудааст, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар дар самти рақамигардонӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ, Стратегияи зеҳни сунъӣ, Барномаи савдои электронӣ ва ғайра мавриди амал қарор доранд. Ин тадбирҳо, ба гуфтаи коршиносон, ба суръат бахшидани тағйироти рақамии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нигаронда шуда, заминаҳои воқеиро барои имкониятҳои нав фароҳам меоранд.
Дар зимн, ташкили ҳукумати электронӣ, низоми иҷозатно-мадиҳӣ ва бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, суратҳисоби шахсии андозсупорандагон ҷиҳати содагардонии пардохти андозӣ ва ғайраро метавон ном гирифт, ки ба ин самт равона шудаанд. Гузашта аз ин, иқтисоди рақамӣ бо тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои электронӣ маҳдуд намешавад ва ба ҳар як ҷанбаи ҳаёти рӯзмарра таъсир мерасонад. Масалан, тандурустӣ, маориф, бонкдории онлайн ва ғайраҳо, ки дар матлабҳои оянда ба риштаи таҳлил хоҳем кашид.
Мувофиқи баҳодиҳии мутахассисон, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ барои Тоҷикистон як қатор имкониятҳои стратегиро фароҳам меорад. Аз ҷумла, рақамикунонӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ кушода, ба баланд бардоштани маҳсулнокии корхонаҳо, ҷалби сармояи нав, таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд. Истифодаи имкониятҳои рақамӣ дастрасиро ба маориф, тандурустӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, васеъ мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 ҳиссаи технологияҳои дохилии кишвар ҳудуди 2,5 фоизро ташкил дода, то соли 2030 ба 5 дарсад расондани он дар назар аст. Хуллас, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия як қадами муҳими стратегӣ мебошад, ки имкон медиҳад Тоҷикистон ба тағйироти ҷаҳони технологӣ мутобиқ шуда, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сифати зиндагии аҳолиашро беҳтар гардонад, зеро пешрафти рақамӣ дурнамои нави тараққиёт ва гузариш ба фазои нави иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»