Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд.
Бинои мазкур 5-ошёнаӣ буда, аз 33 синфхона, таҳхона ва толори маҷлис иборат мебошад ва барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоот бо маблағи 10 миллион сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сохта мешаванд.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонда шавад.
Дар идома Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар саҳни муассиса иштирок варзида, ҷиҳати сарсабзу зебо намудани атрофи бино ба масъулон супоришҳо дод.
Раиси вилоят, ҳамчунин аз участкаи интихоботӣ, ки дар муассиса таъсис дода шудааст, дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуд.
Таъкид шуд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то номзади арзандаи худро интихоб намоянд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ВМКБ БА ИНТИХОБОТ ОМОДАГИИ КОМИЛ ДОРАД
Дар шаҳру навоҳии вилоят омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Баъди интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъини рӯзи интихобот дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҷиҳати муайян намудани теъдоди ҳавзаҳои интихоботӣ ва ташкили комиссияи вилоятӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тавре Азорабек Мирзобеков, раиси Комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, бо назардошти ҳудуд ва теъдоди интихобкунандагон дар қаламрави вилоят тибқи қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи вилоят барои интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ 66 ҳавза ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби комиссияи вилоятии интихобот бо назардошти пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ бо теъдоди 11- нафарӣ ташкил гардиданд.
Комиссияи вилоятии интихобот, ҳамчунин, маводи заруриро вобаста ба пешбурди корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар давраи омодагӣ ба интихобот ба комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ сари вақт дастрас намуд.
Бояд хотиррасон намуд, ки бо назардошти ҳудуд ва теъдоди интихобкунандагон дар қаламрави вилоят 2 ҳавзаи якмандатӣ - ҳавзаи Ванҷ № 40 ва ҳавзаи Хоруғ № 41 ташкил шуданд. Дар қаламрави вилоят, ҳамчунин, 280 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ба таври шаффоф ҷараён гирифтанд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-нафарӣ номзад ба қайд гирифтанд. Айни замон дар доираи қонунҳои дар боло зикршуда вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
101 участкаи интихоботӣ ба қабули овоздиҳандагон омода аст
Ба хотири дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи интихобот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 ҳавзаи вилоятӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 40 ҳавзаи ноҳиявӣ оид ба интихоби вакилон ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти босамар доранд. Зимнан, дари 101 участкаи интихоботӣ дар рӯзи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба рӯи шаҳрвандон боз хоҳад буд.
Баъди боздид аз участкаҳои овоздиҳӣ аз маркази ноҳия – шаҳраки Ғафуров, ҷамоатҳои Хистеварз, Ёва бовари ҳосил намудем, ки масъулин воқеан ҳам ҷиҳати дар сатҳи баланду ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён гирифтани ин маъракаи муҳими сиёсӣ комилан тайёр ҳастанд. Кулли биноҳои доиршавии интихобот бо тамоми шароит: ҷои қабули интихобкунандагон, мизҳои корӣ, утоқҳои раъйдиҳӣ, компютер ва телефону дастурҳои зарурӣ таъмин ҳастанд. Рӯйхати ҳайати комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ аз ҳисоби нафарони обрӯманд, дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии баланди фарҳангиву сиёсӣ тартиб дода шудаанд, ки дар ҳама ҳолат омодаанд, ба суолҳои интихобкунандагон равшану возеҳ посух гӯянд.
Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон собит месозад, ки феълан сокинон моҳияти ин чорабинии сиёсиро ба хубӣ дарк менамоянд.
– Аз он изҳори қаноатмандӣ мекунам, ки боз дар чунин маъракаи муҳими сиёсии мамлакати азизи худ ширкат карда, ҳуқуқи худро дар интихоби вакили арзанда баҳри рушди ноҳияву вилоят ва кишвар амалӣ менамоям, – мегӯяд Рустам Ӯрунов, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-уми деҳоти Ёва.
– Барномаҳои пешазинтихоботии қариб ҳамаи номзадҳоро варақ задам ва аз мазмуну мундариҷаи онҳо пайдост, ки ҳама барои расидан ба ин ҳадафҳои рушди миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон аст, – иброз дошт донишҷӯ Фарангис Усмонова.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”