Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва фактори фаъоли сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Ҳанӯз аз соли 2000 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои бартараф кардани мушкилоти глобалиро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда, иттиҳоди тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои созанда муҳим арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Президенти кишвар 20-уми сентябри соли 2000 Иҷлосияи 55-уми СММ соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон кард.
Мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро дар масъалаи норасоии оби ошомиданӣ ба назар гирифта, СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд.
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ҳеҷ як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад бо мушкилот ва таҳдиду хатарҳои муосир мубориза барад. Бартараф намудани мушкилоти обу иқлим, пешгирии пайомадҳои мусаллаҳшавии бошитоб, терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ ҳамкорӣ ва муттаҳидии кулли давлатҳои ҷаҳонро талаб менамояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо нақши Созмони Милали Муттаҳидро ба сифати ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр кардаанд: “Фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳаввулоти босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ниёз доранд”.
Ба андешаи Ардамеҳр Ашуров, котиби илмии Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар самти об ва, ба ин васила, асос гузоштан ба дипломатияи об дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми самарабахш аст, зеро об манбаи асосии ҳаёт аст.
– Масъалаи истифодабарии об як масъалаи муҳим дар тамоми кураи Замин мебошад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захираи зарурии об аст, вале Пешвои муаззами миллат дар фикри ояндаи ҷаҳон ҳастанд, – афзуд А. Ашуров.
Боиси тазаккур аст, ки бо афкору андешаи солиму созанда ва азму эҳтироми ҳамешагиву пайваста Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфуз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба норасоии об ва тағйирёбии иқлим идома доданд. Ин навбат бо ташаббуси Тоҷикистон СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда, 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар намуд.
Дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат шаҳри Душанбе як маркази муҳими ҷаҳонӣ вобаста ба баррасии масъалаҳои марбут ба об эътироф гардидааст, ки боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Аз ҷумла, соли равон ду чорабинии бузурги сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба обу ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти кишварамон доир хоҳад шуд.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”