Тавре маълум аст, 2-юми марти соли ҷорӣ дар кишвар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор хоҳад шуд.
Тавре мушоҳидаҳо дар ҳавзаи якмандатаи Файзобод №11 нишон дод, рафти омодагӣ ва таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Раҳим Пиров, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи Файзобод №11, оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр кард, ки тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёр ва баргузор намудани интихобот, дар ҳудуди ҳавза 111 участкаи интихоботӣ ташкил ва рақамгузорӣ шудааст. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Файзобод №11 дар ҳайати 9 нафар тасдиқ гашт. Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳо вобаста ба интихоботи дарпешистода мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Ҳамаи комиссияҳои участкавӣ бо маводи зарурӣ таъминанд. Инчунин, тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот имконнопазир аст, қуттиҳои сайёр омодаанд.
Тавре ӯ афзуд, тамоми участкаҳо аз ҷониби комиссияи интихоботӣ бо шиору овезаҳо, дастурҳои методӣ, маводи канселярӣ, бланкаҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон, маводҳои зиддиуфунӣ ва дигар лавозимот таъмин мебошад.
Инчунин, аз тарафи комиссияи интихобот дар ҳамкорӣ бо коршиносонӣ КМИР ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамарӯза дар участкаҳои интихоботӣ барои фаҳмондани моҳияти интихобот, иштироки шаҳрвандон ва нақши ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳаёти мардум, бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба тарзи иштирок ва овоздиҳӣ дар интихобот ба онҳо маълумот дода мешавад.
– Аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкориянд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқи ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд, – иттилоъ дод Раҳим Пиров.
Дар ҳавзаи якмандатаи Файзбод №11 Наҷмиддиён Асадулло Мирзо (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Давлатов Давлатбек Наъимович (худпешбарӣ) ва Қурбонов Далер Азимович (худпешбарӣ) ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуданд.
Барои гузарондани интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия бошад, 40 ҳавза (35 участка) таъсис ёфта, дар он 46 нафар ба ҳайси номзад ба вакилӣ сабт гаштааст.
Ҳоло бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», аъзои комиссияҳои дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”