Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашрияи беҳтарин ва аввалини Тоҷикистон аст. Алҳол сармуҳарририи ин рӯзномаи бонуфузро рӯзноманигори ҷавон, донишманду дурандеш ва яке аз содиқтарин пайравони Пешвои миллат Қурбоналӣ Раҳмонзода бар зимма дорад. Дар фаъолияти хеш якчанд ташаббусҳои нек зоҳир намуда, ҳам обрӯи рӯзномаро боло бардошт ва ҳам шумораи хонандагони худро якчанд карат афзун намуд. Хоса, намунаи олии як ҷавонмарди асили тоҷик асту кору пайкораш ин садоқат ба Ватан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Имрӯз, бо ташаббуси ӯ, агар хато накунам, беш аз 50 дарсади кормандони рӯзномаро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳанӯз синфи панҷум мехондам, ки якумин мақолаам дар рӯзномаи (газетаи) «Пионери Тоҷикистон» чоп шуд. Баъдан, ман аз ин илҳоми тоза гирифта, дар вақти холигиам дар мавзуъҳои гуногун мақола менавиштагӣ шудам. Падарам шодравон Сайфулло Махкамов, ки худ рӯзноманигор буданду бисёр мақолаҳо менавиштанд, ба ман бештар аввал хондани рӯзномаҳоро талқин менамуданд. Ман низ, дар навбати худ, бисёр рӯзномаҳо, аз ҷумла рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»-ро мутолиа мекардам.
Ҳамин тавр, солҳо гузаштанду якумин маротиба мақолаам дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», агар хато накунам, солҳои 2000-ум чоп шуда буд, ки ман аз он хело ҳам сарфароз гардида, пеш аз ҳама, падарамро табрик намудам. Барои он, ки падарам (Илоҳо руҳашон шод бошад) ба ман роҳи рӯзноманигориро боз карда, бо ин рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ ошно намуданд, аз замин то осмон миннатдорам.
Дар ин робита, ман бо рӯзноманигорони хушқаламу боистеъдоди кишвар устод Абдулқодири Раҳим, Бузургмеҳри Баҳодур, Кароматулло Ато, Фирӯз Раҳмониён, Меҳрангез Қодирова, Лола Ризоӣ, Гулнисои Саъдоншо ва чанде дигарон шиносоӣ ва робитаи дӯстӣ пайдо намудам.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли муҳими таърихию фарҳангӣ – 100 солагии нахустнашри рӯзномаро таҷлил менамоянд.
Агар ба гузаштаи сарнавишт назар афканем, ҷаҳду талоши инсон аз саҳифаҳои зардшудаи рӯзномаҳо варақгардон мегардад. Маълум мешавад, ки ҳамон солҳо низ хизмати рӯзнома барои пешравии халқу диёр беандоза калон буд. Ҳар як пешравию созандагӣ ва ҳар як навишта бо хуни ҷигар аз дидаю шунида сабт мешуд. Кормандони рӯзнома дар ҳар як саҳифа зиндагии халқро таҷассум менамуданд. Роҳи росту хирадро ҷуста, ба мардум адолатро мерасонданд ва то дуриҳо эҷоди онҳо рафта мерасид.
Аз ин ҷост, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро даргоҳи муқаддас гӯем, хато нахоҳем кард.
Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, оинаеро мемонад, ки ҳар як хонанда таклифу пешниҳодашро навишта, розу ниёзи худро баён намуда, онро мутолиа мекунад. Дар ҳар як саҳифаи он масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, ташкили ҳаёти нави солим, масъалаҳои мумбрами рӯз, маълумоти адабиву фарҳангӣ инъикоси возеҳи хешро ёфтаанд.
Боиси қаноатмандист, ки рӯзнома то ба ин рӯз ба рисолати хеш содиқ мондааст ва айни замон бо сарварии сармуҳаррири кордони он як гурӯҳи эҷодкорони хушсалиқа, ки маҳорати баланди рӯзноманигорӣ ва ҷаҳонбинии васеъ доранд, дар ин ҷаридаи якасра машғули эҷоданд.
Ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» 100- солагии рӯзномаро табрику таҳният намуда, гуфтаниам, ки он қалбу дасте, ки муҳаббатнома эҷод менамояд, ҳеҷ дарду ғамро набинад.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор аз шаҳри Истаравшан