Суҳбати ихтисосӣ бо академик Ғиёсиддин Мироҷов
Микробиотаҳо – ин шумораи муайяни микробҳоеанд, ки дар узвҳои ҳозима ҷойгиранд. Аз рӯи ҳисобҳо, дар узвҳои ҳозима зиёда аз се килограмм микроб мавҷуд аст, ки маҷмуи онҳоро микробиота меноманд. Микробиота барои саломатии инсон нақши хеле муҳим мебозад. Пас, чӣ бояд кард, то миқдори лозимии онҳоро дар организм таъмин намоем? Суҳбати мо бо академик Ғиёсиддин Мироҷов атрофи ин мавзуъ сурат гирифт.
– Устод, мегуфтед, ки микробиотаҳо барои солимии организми инсон чӣ нақше доранд?
– Пеш аз он ки дар бораи нақши микробиотаҳо дар организми инсон суҳбат кунем, мехоҳам аввал дар бораи навъҳои он бигӯям. Дар таркиби микробиотаҳо ду намуд микроб вуҷуд дорад: фоиданок ва зарарнок. Миқдори микробҳои фоидаовар нисбат ба зараррасон чанд маротиба зиёд аст. Мутаносибии онҳо фаъолияти узвҳои ҳозимаро таъмин мекунад.
Микробҳое, ки дар рӯдаҳо, асосан дар рӯдаи ғафс, ҷойгиранд, на фақат барои ҷабиши маводҳои ғизоӣ хизмат мекунанд, балки руҳияи инсонро низ танзим менамоянд. Ғайр аз ин, микробиотаҳои рӯдаи ғафс ба воситаи торҳои асаби гумроҳ (nervus vagus) бо майнаи сар пайвастагии бисёр амиқ доранд ва мешавад гуфт, ки майнаи дуюм дар рӯдаҳост. Аз ин рӯ, ин микробиотаҳо ба майнаи сар ва майнаи сар ба онҳо таъсир мерасонад. Агар дар майнаи сар нороҳатӣ ба амал ояд, он ба микробиотаҳо таъсири бад расонда, миқдори микробҳои фоиданокро паст мекунад.
Ғизое, ки мо истеъмол мекунем, то рӯдаҳои ғафс ҷабида мешавад ва аз онҳо нахҳои рустанигӣ боқӣ мемонад. Нахҳои рустанигӣ танҳо бо ёрии ферментҳои микробиотаҳои рӯдаи ғавс ҳал мешаванд ва дар организм чанд моддаи фоидаовар пайдо мегардад. Аз он ҷумла, туршобҳои талха, чарбҳо ва витаминҳо, ки дар рӯдаи ғафс ҷабида шуда, ҳолати ҷабиши маводҳои асосии ғизоиро таъмин мекунанд. Яъне, бе нахҳои рустанигӣ рӯдаҳои ғафс кор карда наметавонанд.
– Оё, ҳамин нахҳои рустанигие, ки гуфтед, дар таркиби ҳамаи ғизоҳо мавҷуданд?
– Не. Онҳо, асосан, дар таркиби сабзавоту меваҷотанд. Агар сабзавоту меваҷот истеъмол накунем, рӯдаҳои ғафс тамоман суст кор мекунанд. Барои мисол, дар нон ва гӯшт нахҳои рустанигӣ ниҳоят каманд, вале ин маънои онро надорад, ки мо аз истеъмоли ин маҳсулотҳо даст кашем. Зеро сафеда дар таркиби гӯшт зиёд аст. Ё қанди барои организм лозимиро аз нон мегирем. Аммо ҳар ғизоро бояд аз рӯи меъёр истеъмол кард. Агар нонро зиёд истеъмол кунем, он ба чарб табдил ёфта, боиси фарбеҳшавӣ мегардад. Меъёри хӯрдани гӯшт низ риоя нагардад, организм зарар мебинад. Яъне, фоиданокиву зарарнокии ҳар ғизоиеро, ки истеъмол мекунем, бояд донем. Инчунин, микробиотаҳо, ба ғайр аз он ки кори рӯдаҳои ғафсро танзим менамоянд, одамро низ руҳан болида медоранд.
– Агар миқдори микробиотаҳо дар организм кам шавад, чӣ рух медиҳад?
– Дар ин ҳолат микробҳои фоидаовар кам ва микробҳои зарарнок зиёд мешаванд. Яке аз микробҳои зарарнок – ин чӯбчаи рӯдавӣ мебошад, ки дар ҳолати кам шудани микробиотаҳо зиёд шуда, аз рӯдаи ғафс ба рӯдаи борик ворид мегардад ва илтиҳобро ба амал оварда, боиси синдроми рӯдаи ҳассос бо дарунравӣ мешавад. Микробиотаҳо кам шаванд, қабзият ҳам ба вуҷуд омада, метавонад боиси пайдоиши захми меъда ва илтиҳоби меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта гардад. Бинобар ин, миқдори микробиотаҳоро дар организм ҳамеша бояд таъмин кард. Ба ҷуз аз меъёр кам истеъмол кардани сабзавот, сабаби дигари паст шудани миқдори микробиотаҳо истифодаи зиёди доруҳои антибиотикӣ аст. Антибиотикҳоро бояд танҳо бо маслиҳати табиб истифода бурд. Ба ғайр аз ин, машрубот, сигор ва нос низ миқдори микробиотаҳоро коҳиш медиҳанд. Аз ин рӯ, дар аксари маврид нигоҳ доштани миқдори микробиотаҳо ба худи шахс бастагӣ дорад.
– Барои он ки антибиотикҳоро зиёд истифода набарем, чӣ бояд кард?
– Барои ин ба гиёҳдармонӣ рӯ овардан зарур аст. Алҳол мо зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон зиёдтар рӯ меоварем, ки дар оянда натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард. Гиёҳдармонӣ ҳам оҳиста – оҳиста эҳё мешавад. Вобаста ба мавзуъ ҳаминро гуфтаниям, дар пайдоиши захми меъда ё илтиҳоби меъда, як бактерияи зарарнок ҳаст бо номи «helicobacter pylori». Барои нест кардани он давоми 14 рӯз ду антибиотик истифода бурдан лозим меояд. Аммо дар баробари бактерияро нест кардан, микробиотаҳоро кам мекунем. Чанд сол пеш ҳамроҳи фарматсевтҳо корҳои илмӣ гузарондем ва муайян шуд, ки сирпиёз ин бактерияро 90 дарсад аз меъда нест мекунад. Яъне, ба ҷои антибиотикҳо мо метавонем сирпиёзро истифода барем.
Аз рустаниҳои шифобахш бештар дору истеҳсол бояд кард ва моҳияти онро ба мардум фаҳмонд. Зеро таваҷҷуҳ ба доруҳои рустанигӣ камтар аст. Ин масъала омӯзишро талаб мекунад. Ба андешаи ман, дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси пажӯҳишгоҳи махсус барои омӯзиши рустаниҳои шифобахши кишвар ва истифодаи онҳо барои тиб бисёр саривақтист. Зеро дигарон аз ин иқтидори фаровони фарматсевтии мо истифода бурда истодаанду мо не. Танҳо бо кори Хадамоти фарматсевтӣ қонеъ набояд шуд ва дигар имкониятҳоро низ истифода кард.
– Айни замон микроби «lactobacillus reuteri»-ро омӯхта истодаед. Он чӣ хусусият дорад?
– Бале, алҳол омӯзиши он идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки «lactobacillus reuteri» ҷавониро нигоҳ медорад, аммо он қариб, ки аз рӯдаҳо нест шудааст. Бо истифода аз усулҳои нав онро бояд барқарор кард. Ин микроб, ҳамчунин, фарбеҳшавиро пешгирӣ мекунад. Ҳамзамон, он метавонад миқдори мушакҳои скелетро афзоиш диҳад. Инчунин, бемориҳои зиёде, аз ҷумла бемориҳои ҷигар ва меъдаву рӯдаро низ пешгирӣ менамояд. Махсус пробиотикҳое ҳастанд, ки дар таркибашон ҳамин микроб ҳаст. Ният дорем, ки хосияти онҳоро омӯхта, барои пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима истифода барем.
– Дар охир мехоҳам оид ба истифодаи обҳои газнок чанд сухане ба хонанда бигӯед, то он обҳоеро истеъмол кунанд, ки ба саломатиашон фоидаовар аст...
– Обҳои газнок ба ғайр аз он ки ба организм қанд ворид мекунанду он ба чарб табдил меёбад, дигар фоида надоранд. Ҳангоми истифодаи чунин обҳо моддае пайдо мешавад, ки одамро ба онҳо вобаста мекунад. Беҳтар аст, ки аз истифодаи ин гуна обҳо даст кашем ва ба ҷои онҳо шарбат истеъмол намоем.
Оби минералӣ ҳам барои истеъмол тавсия мешавад. Масалан, оби “Шоҳамбарӣ” барои табобати бемории узвҳои ҳозима ниҳоят муфид аст. Ин об, инчунин, барои табобати захми меъдаи дувоздаҳангушта ва санги талхадон фоида дорад. Дар ин радиф, метавон обҳои “Зулол” ва “Сиёма”-ро низ ном бурд, ки барои организм манфиатоваранд. Ҳарчанд обҳои моро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда бошад ҳам, то ҳол таъсири онҳо ба бемориҳои узвҳои ҳозима омӯхта нашудааст. Сари ин масъала кор бояд кард.
–Ташаккур барои суҳбат. Саломат бошед!
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”