Имсол дар саросари ҷаҳон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад. Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, ҳадаф аз он муттаҳидии кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ва иқлим аст. Чорабинии мазкур дар доираи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифта, дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии СММ ва ЮНЕСКО лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи қатъномаи мазкур таҳия шудааст.
Инчунин, тибқи қатъномаи мазкури Маҷмаи умумии СММ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ҳамчун аъзо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил мебошад.
Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабиниҳои дар доираи қатънома муайянгардида тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст таҷлил мегардад, яке аз чор банди қатънома ба ҳисоб меравад. Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо низ дар назар дошта шудааст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ аз ташаббусҳои навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар он намояндагони СММ ва кишварҳои дуру наздик, инчунин, мутахассисон оид ба яхшиносӣ ва тағйирёбии иқлим ширкат меварзанд. Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО барои баргузории чорабинии мазкур ҳамкории зич ба роҳ монда, ба Конфронс омодагии ҷиддӣ мебинад.
Айни замон дар назди Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ситод оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ кори худро шуруъ намудааст. Ҳамчунин, вебсайти расмӣ низ таъсис ёфта, дар он тамоми маълумот оид ба баргузории Конфронс ҷойгир карда мешавад. Бо мақсади васеъ инъикос намудани ҷараёни баргузории Конфронс тренинг-машваратҳо, брифинг ва конфронси матбуотӣ гузаронда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тадбирҳои зарурӣ андешида, Форуми байналмилалии пиряхҳо, се чорабинии канорӣ, намоишгоҳ ва 13 вохӯрии роҳбарияти Кумита бо роҳбарони ҳайатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро доир намуд.
Илова бар ин, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муаррифии табиати нотакрори кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 2024, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ҳамроҳ шуд. Дар Иҷлосияи 29-уми Кумитаи сиёсати экологии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологии Тоҷикистон аз байни 56 давлати аъзо нахуст қабул гардид.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”