– Соли 2024 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи зиёда аз 4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, 32 корхона ҳаҷми тавлиди маҳсулотро нисбат ба соли 2023 аз 1,2 то 1,5 маротиба афзоиш доданд. Дар корхонаҳои шаҳр 90 номгӯйи маҳсулот истеҳсол шуд, ки ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал мебошад. Саҳми корхонаҳои шаҳри Гулистон дар рушди саноати вилояти Суғд 13,3 дарсадро ташкил дод, – гуфт Илҳом Пӯлотзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият”.
Раис, инчунин, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон шароит фароҳам меоварад, ки теъдоди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир афзоиш ёфта, ба ин васила, ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шаванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд 4580 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 800 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 31-уми октябри соли 2024 ба 3613,1 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 213,7 сомонӣ зиёд мебошад.
Мусаллам аст, ки равобити зич ва мутақобила бо ширкатҳои хориҷӣ яке аз омилҳои рушди иқтисодии кишвар мебошад. Агар солҳои қаблӣ корхонаҳои саноатии Гулистон ҳамагӣ бо панҷ-шаш кишвари хориҷӣ додугирифт дошта бошанд, ин рақам соли рафта ба 16 расид. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротии шаҳр ба 1 миллиарду 148 миллиону 59,9 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба 280 миллиону 233,9 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Яъне, содирот нисбат ба воридот 4,1 маротиба афзуд. Дар ин самт нишондиҳандаи Гулистон миёни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳост.
Маҳсулоти содиротӣ, асосан, металлҳои қиматбаҳо, консентрат, қолин ва боз чанд намуди дигари маҳсулот буда, солҳои баъдӣ боз ҳам афзоиш хоҳанд ёфт. Аз маҳсулоти воридотӣ, асосан, ресмон, автомашина, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоту дастгоҳҳо, равғани молиданӣ, гандум, ноқилҳо, сими мис, нафти хом, ашёи хом барои қолинбофӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошанд.
Баҳри амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат соли рафта дар шаҳр сохтмони 4 иншооти саноатиро ба нақша гирифтанд, ки он иҷро шуд. Инҳо ҶДММ “Шамс тиҷорат” (15 ҷойи кор) ва ҶДММ “Парандаи заррин” (12 ҷойи кор), ки ба парвариши чӯҷа машғуланд, коргоҳи таъмири трансформатор (8 ҷойи кор), ҶДММ «ТИГЛАТ» оид ба истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ бо иқтидори 80 тонна дар як моҳ (20 ҷойи кор) мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра ғайр аз нақша коргоҳи истеҳсоли консерваи моҳӣ дар заминаи ҶСК “Таъминоти моҳӣ” (20 ҷойи кор), ҶДММ «Абдуллоев Саидбой» оид ба истеҳсоли ноқилҳои барқӣ (30 ҷойи кор), ҶДММ «Доруи Суғд» (15 ҷойи кор) ва се агрегати аз таъмир баромадаи НБО «Қайроққум» ва ҶДММ «Маҳмуд и Ко» пас аз таваққуфи сесолаи истеҳсолӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ боз се корхона: ҶДММ “Суғдсохт”, ҶДММ “Хуҷанд нефт” ва ҶДММ “Нур Алюмин” ба рӯйхати корхонаҳои саноатӣ дохил гардиданд.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо кулли соҳибкорони бонангу номуси шаҳр талош доранд, ки боз чандин иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидоштаро мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”