Ин рӯзҳо аҳли адабу фарҳанги тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон 70-солагии ду шоир – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) ва Абдулло Субҳонро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат, дар шаҳри Тошкент ва вилоятҳои ин кишвари ҳамҷавор маҳфилҳои адабӣ баргузор ва давраҳои шеърхонӣ ба вуқуъ мепайванданд.
Яке аз чунин маҳфилҳои шеъру тарона бо ибтикори гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ доир шуд. Тавре нависанда ва мутарҷим Юнуси Имомназар изҳор намуд, ҳар ду шоир ошиқи зиндагианд ва Ватану зодгоҳи худ, забони модарӣ, баҳор, Наврӯзи оламафрӯз ва амсоли онро бо муҳаббат дар ашъорашон тараннум кардаанд. Дар маҳфил шоирон Паймон ва Абдулло Субҳон барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ аз ашъори худ намунаҳо қироат карданд ва ба саволҳои зиёди донишҷӯён посух доданд.
Абдулло Субҳон ва Паймон соли 1955 дар деҳаи Синтоби ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ҳар ду фориғуттаҳсили факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ мебошанд.
Шоир Паймон муаллифи китобҳои «Санги навишта», «Шабовез», «Шабоҳанг», «Шабогард», «Даҳ пурсишу даҳ посух», «Девон»-и ғазалиёт мебошад. Бо орденҳои Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дӯстлики Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, медали “Шуҳрат” сазовор гаштааст. Барандаи нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Китобҳои “Мушки субҳ”, “Нидои сарбадор”, “Уфуқи пиндор”, “Гарди анҷум” ва “Марзи Хуршед” ба қалами шоир Абдулло Субҳон тааллуқ доранд.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент