ХАСТАГӢ. ДУ УСУЛИ РАҲОӢ
Як гурӯҳ олимон ду усули асосии коҳиш додани хастагӣ дар ҷойи корро муайян кардаанд: танаффусҳои кӯтоҳ ва дастгирии роҳбарият. Ин равишҳо на танҳо эҳсоси хастагиро коҳиш медиҳанд, балки сифати хобро дар шаб беҳтар мекунанд ва рӯзи дигар сатҳи неруро дар шахс баланд мебардоранд.
Муҳаққиқон аз 44 муҳосиб дар бораи одатҳои кори онҳо пурсиш ва бо 179 нафар таҷриба гузаронданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки омезиши танаффусҳои кӯтоҳмуддат дар ҷараёни кор ва дастгирии роҳбарият дар муҳитҳои кории шадид самараноктар буданд. Танаффуси кӯтоҳмуддат метавонад хондани мақола, хӯрдани газак ё нӯшидани як финҷон қаҳва бошад. Дар баробари ин, дастгирии роҳбарият аз ёрӣ дар иҷрои вазифаҳо ва изҳори миннатдорӣ ба кори онҳо иборат аст.
Танаффус ва дастгирии роҳбарият на танҳо хастагиро коҳиш медиҳад, балки сифати корро беҳтар мегардонад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ПОСУХИ ИСКАНДАР
Искандарро пурсиданд, ки чаро устоди хешро азизтар аз падари хеш медонӣ? Гуфт: «Аз баҳри он, ки падари ман сабаби зиндагонии ман аст ва устоди ман сабаби зиндамонии ман». Ва гуфт: «Агар корҳо ба қисмати Яздон аст, пас кӯшиши костани ҷон аст». Ва гуфт: «Агар замона барои ту наравад, ту барои замона рав, ки мардум бандаи замонаанд ва замона душмани одамӣ аст ва ҳар нафасе, ки мардум занад ба марг наздиктар аст ва аз зиндагонӣ дуртар».
Таҳияи Кароматулло АТО
НАВРАСИ ТОҶИК БО 6 951 БОЗУФИШОРӢ РЕКОРД ГУЗОШТ
Ҳайдаралӣ Самиеви 15-сола, зодаи шаҳри Ҳисор, дар 6 соат бо иҷрои 6951 бозуфишорӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ин натиҷаро Ҳайдаралӣ дар назди комиссияи махсус дар шаҳри Москва нишон дод. Бозуфишорӣ шуғли асосии Ҳайдаралӣ нест. Ӯ 8 соли охир аст, ки дар риштаҳои самбо ва ҷудо низ тамрин менамояд. Ба гуфтаи рекордгузор, дар чорсолагӣ аввалин бор 45 маротиба бозуфишорӣ намуда, дар 7-солагӣ тавонист марзи 1000-ро гузарад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ХАЙР
Доштани сарвату дороӣ шарти асосӣ нест
Дар шаҳри Рум ҷавоне буд, ки баъд аз анҷоми кор шабҳо як соат дар канори роҳе менишаст. Аз кораш ҳама ба тааҷҷуб меафтод, ҳатто, бархе меандешид, ки девона шудааст...
Ин ҷавон Фридрих ном дошт ва дар коргоҳи ширинифурӯшӣ кор мекард. Мехост кори хайре анҷом диҳад, аммо барои он пули кофӣ надошт. 10 соли расо дар канори он ҷода нишаста, ба нафароне, ки мехостанд аз Рум хориҷ шаванду роҳи бурунрафтро намедонанд, раҳнамоӣ мекард, то ба ин васила, кори неке карда бошад. Фридрих аз бархе корафтодагон ба хотири додани суроға ҳадия мегирифт ва онро ба пиразани ниёзманде, ки дар ҳамсоягиаш мезист, мебахшид.
Баъд аз даҳ соле, ки мардум нияти Фридрихро фаҳмиданд, ба поси кори хубаш ҳамон ҷодаро ба номи ӯ гузоштанд. Оре, барои анҷом додани кори хайр ҳатман ниёз ба доштани сарват нест ва онро дар ҳар шакле метавон анҷом дод.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ИЗДИВОҶ ПАС АЗ 22 СОЛ
Соли 1987 марди амрикоӣ бо номи Стивен ба дӯстдухтараш нома навишт ва онро ба қуттии почта андохт. Аммо ҷавоби нома ба ӯ наомад... Бисту ду сол баъд, марде дар ҳамон маҳалла манзил харид ва ҳангоми таъмир қуттии куҳнаи почтаро пайдо намуд. Онро кушод ва номаро ёфт. Тавассути интернет Стивенро пайдо кард ва номаро ба ӯ баргардонд. Стивен фаҳмид, ки нома ба духтари дӯстдоштааш нарасидааст ва бинобар ин, нома беҷавоб мондааст. Стивен бо кӯшишҳои зиёд тавонист духтарро пайдо намояд. Тааҷҷубовар он буд, ки ҳар дуяшон муҷаррад будаанд ва баъд аз 22 сол бо ҳам издивоҷ карданд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Физик ва математики немис Арнолд Зоммерфелдро аксарият аз алоқамандони фанҳои дақиқ мешиносанд. Дастикам аз самараи заҳматҳои бисёрсолаи ӯ дар доираи «назарияи квантии куҳна» хабар доранд. Вале, ба гумони ғолиб, намедонанд, ки Арнолд дар самти пешниҳоди номзадияш ба Ҷоизаи Нобел «рекордсмен» низ ҳаст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки номзадии ӯ 84 маротиба барои сазовор шудан ба ин Ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод шудаву ҳамин миқдор рад гардидааст. Ҳарчанд дар ин муддат 7 шогирди Арнолди бечора на танҳо дар соҳаи физикаву химия, балки барои сулҳ низ бо Ҷоизаи Нобел қадр шудаанд.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ТЕЙЛОР СВИФТ – ДОРОТАРИН САРОЯНДАИ ДУНЁ
Сарояндаи амрикоӣ Тейлор Свифт аз аввалин бонувони сарояндаест, ки ба рӯйхати миллиарддорҳо аз рӯи натиҷагирии маҷаллаи «Forbеs» ворид гардид. Дороии ӯ 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби консертҳояш ба даст омадааст. Танҳо баъд аз баргузории консерти Eras Tour сармояи ӯ якбора афзуд ва тибқи арзёбии «Bloomberg» ба 1,1 миллиард доллар расид.
Тейлор Свифт соли 2019 низ ҳамчун гаронарзиштарин сароянда ба қайд гирифта шуда буд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
ШИРКАТҲОИ МАЪРУФИ ҶАҲОНӢ
APPLE INC
Apple Inc ширкати маъруфи амрикоист, ки 1-уми апрели соли 1976 аз ҷониби Стив Ҷобс, Стив Возняк ва Рон Уейн таъсис ёфтааст. Дар аввал Apple кори худро аз истеҳсоли компютерҳо оғоз намуд, аммо бо мурури замон ба як раҳбари ҷаҳонии соҳаи электроника ва нармафзор табдил ёфт. Ҳоло маркази ин ширкат дар Купертинои Калифорния ҷойгир аст.
Соли 2022 Apple аввалин ширкати ҷаҳонӣ шуд, ки арзиши он ба 3 триллион доллар мерасид. Ширкат бо истеҳсоли маҳсулоти маъруфи электронӣ, аз ҷумла iPhone, iPad, MacBook, Apple Watch, AirPods ва системаҳои амалиётии iOS, macOS, iCloud ва iTunes шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Apple дар оянда нақша дорад, ки истеҳсоли мошинҳои барқии дорои технологияи худкор ва системаи интеллектуалиро ба роҳ монад ва тахмин меравад, ки соли 2028 Apple Car ба бозори ҷаҳонӣ мебарояд.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«БОИНСОФ»
Аз суҳбати сардори ширкати сохтмонӣ бо раиси вилоят:
– Александр Сергеевич, мошини «насли нав» дорам – мерседес, мехоҳам 11 моҳ пештар аз зодрӯзатон ба шумо туҳфа кунам.
– Не, Юраҷон, ман навакак вазифа гирифтам, дарав наметавонам чунин як мошини гаронарзишро туҳфа гирам.
– Набошад, ман розиям онро ба ивази 100 доллар ба шумо фурӯшам.
– Ана ин варианташ ба ман маъқул, якбора дуто мехарам.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АҶАБ ҶОМЕАЕ…
Бинои боғча ё осорхонаро бо далели он, ки 100 сол пеш моли калисо буд, ба руҳониён баргардондан мумкин, вале бузургтарин корхонаҳои давлатиро, ки ҳамагӣ 20 сол пеш олигархҳо бо ҳар усул аз худ кардаву ба нобудӣ оварданд ва зомини зиндагии садҳо оила шуданд, ба давлат баргардондан «мумкин нест»!
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ТАБИБИ КАМБАҒАЛОН
Табиби мисрӣ Муҳаммад Мишалӣ 50 соли умри худро ба муолиҷаи мардуми камбизоат, ки имкони табобат ва муоинаро надоштанд, бахшидааст.
Яке аз барномаҳои телевизионии Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи табиби меҳрубон гузорише пахш кард ва ба дастгирии ӯ як маъракаи хайрия эълон намуд. Яке аз шарикони ширкати нафтии Gulf ба ӯ 20 ҳазор доллар ва як автомобил ҳадия кард. Пас аз як сол, хайрхоҳ ба Миср омад ва дар тааҷҷуб монд, зеро табиб ин маблағро ба беморони камбизоат дода, мошинро фурӯхта, маблағашро барои харидани таҷҳизот ҷиҳати гузарондани ташхисҳои ройгон сарф кардааст.
Табиб миллионҳо маблағро, ки тавассути барномаи телевизионӣ ҷамъ шудааст, рад карда, тасмимашро чунин шарҳ дод: “Ман тавсия медиҳам, ки ин пулро ба кӯдакони бесарпаноҳ ва ятимон, ба онҳое, ки воқеан ниёз доранд, бидиҳед ё ба созмонҳои хайрия баргардонед”.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҶАҲИШИ НАВИ ЭНЕРГЕТИКИИ ЧИН
Дар поёноби дарёи Ярлунг Тсангпои минтақаи Тибети Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи бузурги неругоҳи барқи обӣ амалӣ мешавад. То ин вақт низ неругоҳи барқи обии калонтарини дунё мансуби Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Он Неругоҳи барқи обии «Се дара» дар дарёи Янсзии музофоти Хубэй мебошад, ки ҳар сол то 100 миллиард кВт/соат барқ истеҳсол менамояд. Иқтидори солонаи неругоҳи нави барқи обӣ се баробар зиёд хоҳад буд.
Арзиши лоиҳа 137 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, истеҳсоли солонаи барқ дар неругоҳ ба 300 миллиард кВт/соат мерасад.
Таҳияи Н. ЁДГОРӢ
РЕКОРДИ ҶАҲОНӢ БО 228 ХОЛИ IQ
Мэрилин Восивент дар санҷиши IQ 228 хол баҳо гирифта, ба таърих ҳамчун донотарин шахс ворид шуд. Ин зан дар 26-солагӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошт ва аз нобиғаҳои бузурге чун Алберт Эйнштейн ва Стивен Ҳокинг пеш гузашт. Дараҷаи миёнаи IQ дар байни аҳолӣ аз 80 то 115 холро ташкил медиҳад. Шахсе, ки зиёда аз 130 хол мегирад, бениҳоят интеллектуалӣ ҳисобида мешавад.
Мэрилин пас аз он ки натиҷааш дар соли 1989 расман ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид шуд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ИҚЛИМ
Ҳушдори олимон аз хатари гармшавии бештар
Экспедитсияи илмии Испания дар қаъри Антарктида партовҳои калони метанро ба қайд гирифт, ки метавонад сайёраро 30 маротиба нисбат ба газҳои карбон гармтар созад. Ба андешаи олимон, ин раванд дар натиҷаи обшавии яхбандии Антарктида ба вуҷуд омадааст. То ҳол чунин ҳодисаро дар Арктика ба қайд гирифта буданд, вале дар Антарктида бори аввал аст.
Олимон ҳушдор медиҳанд, ки таҷзияи гидратҳои метан метавонад лағжиши зериобӣ ва, ҳатто, сунамиро ба вуҷуд орад. Дар умум, ин раванд ба гармшавии иқлим таъсири бештаре расонда метавонад.
Таҳияи К. САФАР
ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
1. ОБХЕЗИИ СОЛИ 1931 ДАР ЧИН
Бузургтарин офати табиии дар таърихи башарият сабтшуда - ин обхезии соли 1931 дар Чин ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи боришоти зиёд дарёи Янсзи, ки дарозтарину серобтарин дарёи Авруосиё ва аз лиҳози серобӣ дар ҷаҳон сеюм, аз ҷиҳати дарозӣ чорум аст, ба соҳил баромада, 180 000 километри мураббаъро зери об монд. Ин обхезии даҳшатбор, тибқи ҳисобҳои кунунӣ, ду миллион нафарро ба коми марг кашидааст, аммо агентиҳои дигар, аз ҷумла NOAA, мегӯяд, ки теъдоди ҳалокшудагон метавонад то 3,7 миллион нафарро ташкил диҳад.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ИСТАНБУЛ
Шаҳре, ки вақти зиёд дар роҳ сарф мешавад
Шаҳри Истанбули Туркия соли 2024 аз рӯйи соатҳои сарфшуда дар танбашавии роҳ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт ва аз Ню-Йорк, Чикаго, Лондон ва Мехико пеш гузашт. Дар ин бора “Харитаи ҳаракати ҷаҳонии роҳ 2024” хабар додааст.
Сокинон ва меҳмонони ин шаҳр соли гузашта 105 соаташонро дар танбашавии роҳ сипарӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 15 дарсад зиёд мебошад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ҲИФЗИ ПИРЯХ – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПЕРИТО МОРЕНО
Пиряхи Перито Морено зеботарин пирях дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он, ҳамчунин, яке аз ёдгориҳои асосии Патагонияи Аргентина мебошад. Баръакси пиряхҳои дигар, ки бар асари гармшавии глобалӣ об мешаванд, пиряхи мазкур афзоиш меёбад ва ин, ҳатто, барои олимону муҳаққиқон хеле аҷиб аст. Пирях бо суръати то 700 метр дар як сол ҳаракат мекунад. Беҳтарин вақт барои боздид ва тамошо аз пиряхи Перито Морено аз моҳи ноябр то март мебошад, яъне аз охири баҳори Аргентина то аввали тирамоҳ.
Таҳияи О. ВАФОБЕК
ДОРОТАРИН
БОКСЁРИ ҶАҲОН КИСТ?
Бо истинод ба сарчашмаҳои гуногун, сомонаи www.vringe.com иттилоъ медиҳад, ки Флойд Мейвезери хурдӣ (ИМА), дар гузашта чемпиони ҷаҳон дар панҷ вазн, сарватмандтарин боксёри ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тавре хабар дода мешавад, айни ҳол дороии ӯ беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Ҷорҷ Форман (ИМА, $290 миллион), Мэнни Пакяо (Филиппин, $220 миллион), Оскар Де Ла Ҳойя (ИМА, $200 миллион), Леннокс Люис (Британияи Кабир ва Канада, $140 миллион) аз сарватмандтарин боксёрони ҷаҳон ба шумор мераванд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
БИБЛОСИ ЛУБНОН
Дар замонҳои қадим шаҳри Библос Гебал ном дошт ва шаҳри бандарии Финикия дар соҳили баҳри Миёназамин буд. Он дар мифологияи Миср низ зикр шудааст. Дар шаҳр ҳоло ҳам биноҳои дар асри XII сохташуда мавҷуданд, яке аз онҳо қалъаи ритсарӣ мебошад, ки дар дохилаш осорхонаи хурд кушода шудааст. Дар ин шаҳр сутунҳои румӣ, қабрҳои шоҳона ва маъбадҳои қадимиро дидан мумкин аст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ИМТИҲОН
Падаре чаҳор фарзанд дошт. Он се фарзанд ба бародари хурдиаш рашк мебурданд, ки падар ба ӯ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва гиромияш медорад. Падар аз ин огоҳ шуд ва ба фарзандон амр кард, ки шутури бузурги хобидаро бар дӯшашон бигиранду наздаш биёранд. Он се фарзанд гуфтанд: «Эй падар, ин корест, ки иҷрояш аз мо барнамеояд. Шутурро бо ин бузургиву вазни зиёд чӣ гуна метавонем, ки бар дӯш бигирему наздатон биёрем?».
Чун навбати фарзанди хурдӣ расид, дар пайи иҷрои амри падар шуд ва ба назди шутур рафт.
Падар гуфт: «Аз уҳдаи иҷрои ин кор баромада метавонӣ?».
Писар гуфт: «На».
Падар гуфт: «Пас барои чӣ меравӣ чун медонӣ, ки он шутурро бар дӯш гирифтаву оварда наметавонӣ?».
Писар гуфт: «Иҷрои амри шумо бароям муҳим аст. Саъй мекунам дар пайи иҷрои амратон аз рӯи муҳаббате, ки ба шумо дорам».
Фарзандони дигар дарёфтанд, ки дар ин чи ҳикмат аст ва чаро ӯ дар назди падар бештар азиз асту эътибор дорад.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
БО ЗАНАМ ҶАНҶОЛ КАРДАМ...
Марде ду халтаи шишаҳои аз арақ холиро каш-кашон мебурд.
Дӯсташ дар кӯча ӯро дида мепурсад: “Боз чӣ шуд?”.
– Бо занам ҷанҷол кардам, ӯ гуфт, ки ҳамаи анҷомҳоятро гирифта рав.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ