Баргашт Чоп кардан

КУРАШИ ҚАЗОҚӢ


Чаҳор медали паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати ҷаҳонии кураши қазоқӣ, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуд, чор медал (се нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар мусобиқа ҳудуди 200 варзишгари беш аз 20 кишвар дар 16 вазн рақобат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гӯштингир дохил буд.
Медалҳои нуқраро Наврӯзи Каримзод (-74 кг), Ҳайдар Саидкабирзода (-82 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг) ба гирифтани медалҳои нуқра ва Дадахон Қурбоналиев (+100 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шуданд.


ФУТБОЛ
Тими ҷавонони Австралия – чемпиони Осиё
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Австралия дар финали Ҷоми Осиё-2025 тими Арабистони Саудиро мағлуб карда, ғолиби мусобиқа гардид.
Бозии финал 1-уми март дар шаҳри Шэнчжэни Чин доир шуд. Вақти асосӣ ва изофӣ мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти футболбозони ҷавони австралиягӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз гаштанд. 
Тими мунтахаби ҷавонони Австралия бори аввал дар таърих чемпиони Осиё шуд. Ҷавонони Арабистони Саудӣ се бор – солҳои 1986, 1992 ва 2018 – ба унвони чемпиони Осиё даст ёфтаанд.
Дар баробари ин ду даста, инчунин, дастаҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар Чили доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”