Баргашт Чоп кардан

Мулоқоти Сарвазир бо Раиси Девони вазирон – роҳбари Дастгоҳи Президенти Қирғизистон 


4-уми март дар шаҳри Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо  Раиси Девони вазирон – роҳбари Дастгоҳи Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрд. 
Ҷонибҳо дар  мулоқот ба вусъати ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба,  дар заминаи сиёсати дурбинонаи сарварони ду давлати бо ҳам дӯст, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. 
Тавре таъкид шуд, дар оянда бо истифодаи зарфияти имконияти  мавҷуда  имкон аст, ки робитаҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт ва фарҳанг тақвият бахшида шаванд.


Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ 
3-юми март Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи ташкилии Конфронси оби СММ-2026, ки дар қароргоҳи Созмон дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Ҷонибек Ҳикмат ба нақши калидии Тоҷикистон ҳамчун ҳаммизбони Конфронси оби СММ-2023 ишора намуда, тазаккур дод, ки ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ аввалин чунин ҳамоиш дар панҷ даҳсолаи охир буд. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар робита ба Конфронси оби СММ- 2026 таъкид кард, ки он бояд барои густариши татбиқи Рӯзномаи амали об заминаи устувор фароҳам оварад.


Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Россия 
3-юми март ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистону Россия ба тариқи фосилавӣ доир гардид. 
Дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, ки дар вохӯрӣ вазирони кишоварзии ду кишвар Қурбон Ҳакимзода ва Оксана Лут масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи Харитаи роҳ байни вазоратҳо барои солҳои 2023-2025 ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар самти савдои мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, воридоти тухмии навъи «элита»-и зироати кишоварзӣ ва содироти моҳӣ мубодилаи афкор намуданд.


Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Шарқияи Арабистони Саудӣ 
3-юми март дар шаҳри Даммом мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо амири минтақаи Шарқия шоҳзода Сауд ибни Нойиф ибни Абдулазиз оли Сауд баргузор шуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ роҳҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.


Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ 
4-уми март дар Вазорати мудофиа, дар доираи чорабиниҳои пешаздаъватӣ ва бо мақсади ҷалби сифатан хуби ҷавонписарони солим ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳти роҳбарии муовини Сарвазир – раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки масъулони мақомоти давлатии вобаста ба даъват ҷаласа баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа аҳамияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» таъкид гардид.
Супориш шуд, ки масъулони комиссияҳои даъватӣ фаъолияти худро бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳанг намуда, барои сифатан хуб ташкил намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо ва дигар афроди некбини ҷомеа бештар намоянд. 


Масъалаҳои соҳаи гематология баррасӣ шуданд
3-юми март ҷаласаи гурӯҳи экспертии таҳияи лоиҳаи Низомномаи ташкилоти заминавии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи гематология доир гардид. 
Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ИДМ масъалаҳои пешниҳоду эродҳо ба Низомномаи ташкилоти заминавиро баррасӣ намуданд.