Баргашт Чоп кардан

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 марти соли 2025, №977