Миёни мардуми мусулмон моҳи шарифи Рамазон дорои эътибори хос аст, зеро онро «моҳи умматони Муҳаммад (с)» меноманд. Дар ин моҳ китоби Қуръони маҷид нозил шуда, рӯза гирифтан дар он фарз ва аз ҷумлаи аркони панҷгонаи ислом қарор гирифтааст.
Рӯза доштан танҳо аз гуруснаву ташна гаштан иборат набуда, балки худдорӣ аз гуфтору рафтору пиндори номатлуб низ ҳаст.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар ин хусус чунин гуфтааст:
Рӯза он нест, ки танҳо ту даҳон дарбандӣ,
Рӯза он аст, ки аз ғайри Худо баргардӣ,
Рӯза он аст, ки софӣ шавӣ аз ҳирсу ҳасад.
Биравад аз дили ту ин сифати номардӣ.
Аз саҳобаи рисолатпаноҳ Абуҳурайра (р) нақл аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Агар яке аз шумо рӯзадор бошад, бояд аз гуфтаниҳои пуч ва суҳбатҳои лаҳву беҳуда худдорӣ кунад ва ба касе дашном надиҳад ва агар касе ӯро ба дашном додан маҷбур созад, бояд дар ҷавобаш бигӯяд: «Ман рӯзадорам».
Агар ба ҳикмати Рамазон бештар таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки паёми Рамазон паёми тақво, парҳезкорӣ, навсозии маънавӣ ва фарҳангӣ буда, беҳтарин фурсати даст кашидан аз амалҳои ношоиста аст.
Чунончи, дар як ҳадиси Расули Худо (с) таъкид шудааст:
«Касе, ки сухани дурӯғ ва амал ба онро тарк накунад, пас Худованд ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ эҳтиёҷе надорад». Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ин гуна ашхос ғайр аз гуруснаву ташна гаштанашон ҳеҷ гуна савобе намегиранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12-уми апрели соли 2021 чунин таъкид сохтаанд:
«Моҳи шарифи Рамазон, дар баробари рӯзадорӣ, моҳи озодагии руҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро дар ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад. Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонда, мушкили онҳоро осон мегардонад».
Пас, моро лозим аст, ки ба ҷанбаи ахлоқии рӯза бештар таваҷҷуҳ дошта бошем. Яъне, дар баробари тарки хӯрдану нӯшидан, кӯшиш кунем, ки дурӯғ нагӯем, ғайбат накунем, қасами ноҳақ нахӯрем, дашном надиҳем, ғазаби худро фурӯ барем, сабуру ботамкин бошем. Аз ҷониби дигар дар доираи имконияте, ки дорем, бештар аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайру ободӣ дароз карда бошем.
Сайфиддин СУННАТӢ, рӯзноманигор