Баъди танаффуси чандсола корхонаи истеҳсоли санги мармар дар ноҳияи Ванҷ ба фаъолият оғоз менамояд. Солҳое, ки кони мармари мавзеи Даштак бо иқтидори пурра маҳсулот мебаровард, 100 нафар коргар дошт. Маҳсулоташ дар ороиши майдону иншооти маъмурию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Москва ва дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истифода мешуд. Бинобар канда шудани риштаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта корхона аз фаъолият монд. Маҳсулот дар анборҳо ғарам мешуд, ба фурӯш намерафт, оҳиста-оҳиста дастгоҳҳои сангтарошӣ хароб гардида, корхона ба мавзеи валангоре табдил гашт.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ванҷ корхонаро умри дубора бахшид. Соли 2015 Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинон ба соҳибкорони муваффақ тавсия доданд, ки барои ба кор андохтани кони мазкур чорае ҷӯянд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаҳонгир» ин вазифаи масъулиятнокро ба зимма гирифта, аз Чин таҷҳизоту техникаи муосирро овард. Ҳамчунин, “Ҷаҳонгир” бо корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон «Технологияи асри ХХI» шартнома баста, барои коркарду буриши санги мармар дастгоҳҳои муосир харид.
Бо вуҷуди ҳама талошҳо фаъолияти корхона назаррас арзёбӣ нагардид, зеро истеҳсоли мармар дар мавзеи Даштак ба роҳ монда нашуд, фаъолияти мунтазами корхона таъмин нагардид.
Хушбахтона, сохтмони корхонаи хокаи мармарро ҶСП «Зиркон» дар деҳаи Пайшамбеободи деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, ба уҳда гирифт. Арзиши лоиҳа 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корхона моҳи июни соли 2025 сохта ба истифода дода мешавад. Айни ҳол 40 фоизи корҳо ба иҷро расидаанд. Дар иншоот бунёдгарӣ бо суръат идома дошта, 25 нафар бо кор таъмин аст. Баъди ба истифода додани коргоҳ сафи онҳо то 30 нафар меафзояд.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ Наҷмиддин Давлатзода иброз дошт, ҶСП «Зиркон» дар оянда дар мавзеи Пайшамбеобод фаъолияти густурдаро дар бобати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ба роҳ мемонад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар суҳбат амали некро оғози силсилаи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ арзёбӣ намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамби ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
ФАЙЗОБОД. РУШДИ СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯ
Файзобод ноҳияи кӯҳсор буда, барои занбӯриасалпарварӣ ҳамаи шароитро дорад. Ин аст, ки кишоварзони ноҳия соҳаи занбӯриасалпарвариро сол ба сол тараққӣ медиҳанд ва аз он даромади хуби молиявӣ мегиранд.
Занбӯриасалпарварон барои истеҳсоли асали хушсифат, қуттиҳои занбӯрро ба мавзеъҳое мебаранд, ки гулу гулбуттаҳои гуногун, ба монанди ҳолмун, бобуна, арчахорак, бӯи модарон зиёданд. Мавзеи Сардараи Туркмандара, ки дар Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолият ҷойгир аст, маҳз барои парвариши занбӯри асал мутобиқ кунонда шудааст.
Дар ноҳия соҳибкороне ҳастанд, ки барои рушди ин соҳа кӯшишҳои зиёд бар харҷ медиҳанд. Фарзи мисол, Фатҳулло Раҷабов аз зумраи соҳибкоронест, ки дар деҳаи Хамисавраи деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз соли 1982 ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ машғул аст. Мавсуф соли 1982 даҳ қуттӣ занбӯри асалро парвариш мекард, имрӯз бо фароҳам омадани шароити хуби рушди соҳа ин шумораро ба 80 қуттӣ расондааст. Фатҳулло Раҷабов ҳар сол аз дастранҷаш ҳосили хуби асали хушсифат гирифта, ба мардум бо нархи арзон пешкаш мекунад. Ҳамчунин, дар ярмаркаҳои ноҳиявӣ ва Иди асал иштирок менамояд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2024 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод сафари корӣ анҷом дода, аз боғи навбунёди Ғулом Мирзоев ва қуттиҳои занбӯри асали Фатҳулло Раҷабов дидан карда, дар бораи рушду дурнамои соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба соҳибкор маслиҳатҳои судманд доданд.
Бояд гуфт, ки Фатҳулло Раҷабов ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва хонаи ятимони шаҳраки Обигарм низ, ёрии молиявӣ мерасонад.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод