Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Уларбек Шаршеев мулоқот дошт.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд.
Баррасии масъалаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи омори СММ
Аз 4-ум то 7-уми март дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи 56-уми Комиссияи омори СММ ҷараён мегирад. Дар рӯзи аввали ҷаласа директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба системаи ҳисобҳои миллӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сухан кард.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо дастовард ва рушди низоми омори миллиро бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон, Эрон ва Покистон
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон дар бахши саноат дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҳиндустон Раҷеш Уикер, Эрон Алиризо Ҳақиқиён ва Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардид.
Тавре дар Вазорат ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, алалхусус дар соҳаи саноат, табодули назар намуданд. Гуфта шуд, ки байни давлатҳо зарфияти зиёд барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавҷуд аст.
Вохӯрӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон
4-уми март муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров вохӯрд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Баҳрайн
4-уми март дар шаҳри Манама сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Шоҳигарии Баҳрайн Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ оли Халифа мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Эълони озмун барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2025 озмун эълон намуд.
Дар Вазорат ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президент дар соли 2025 ҷудо мешавад. Ҳар як грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона мегардад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун аз 1-уми март то 1-уми апрели соли 2025 муқаррар шудааст.
Муаррифии дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар «ITB BERLIN-2025»
Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки «ITB Berlin» яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, платформаи муҳим барои муаррифии имконоти соҳа ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Намояндагони мо дар ҷараёни намоишгоҳ, ҳамчунин, бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мулоқот ва гуфтушунид намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории таълимӣ ва табодули таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.