Пайки хуши Наврӯз мерасад. Наврӯзе, ки ба пешвозаш хона метаконему нав мепӯшем, то зиндагиро аз рӯзи нав оғоз кунем. Наврӯз ҳамеша ба мо навиди хуше додаву медиҳад. Наврӯзе, ки дар арафаи таҷлили он ба рӯзгори беҳтаре умед баставу ба он расидаем.
Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли басо гарони 1993, ки мамлакат дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ин нуктаро иброз доштанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».
Ҳамин нияту ормонҳои нек буданд, ки, баъдтар, ба сарзамини аҷдодиамон сулҳи деринтизорамон омад ва ваҳдати миллӣ пойдор шуд. Халқи олам бо мо дӯст гашту мо бо онҳо. Дари дилҳо ба рӯи ҳам боз гаштанд, ки оғӯш ба сӯи ҳам кушодан аз рукнҳои муҳими ин ҷашни қадимии мост.
Он солҳо дар номаҳои шодбошии Сарвари давлат низ ваҳдати мо бо халқи ҷаҳон аз унсурҳои калидӣ арзёбӣ гашт. Тавре соли 1994 Сарвари давлат русҳо, ӯзбекҳо, туркману қирғизҳо, тотору қазоқҳо, яҳудиёну кореягиҳо ва тамоми намонядагони миллату халқиятҳои сокини ҷумҳуриро бо Иди Наврӯз табрику таҳният гуфта, решаҳои амиқи таърихӣ, дӯстию бародарӣ ва хешутаборӣ доштани моро махсус таъкид карданд. Ин паём муждаи ба ҳам омадан, махсусан бо ҳамсоягонамон, буд, ки ин суханони қатъии Раҳбари хирадпешаи давлат онро пурра мегардонанд: «Ин дӯстӣ мисли чашмасорони кӯҳистони Тоҷикистон, ки фасли баҳор боз ҳам софу беғубор мегарданд, борҳо аз озмоишҳои душвори таърих гузаштааст ва ягон қувва онро халалдор сохта наметавонад. Мо дар оянда низ барои таҳкиму вусъати равобитамон бо ҳамаи мамолики дунё, пеш аз ҳама, Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил, ҳамсоягони худ Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, тамоми чораҳоро хоҳем дид».
Ин боз як далели он аст, ки Сарвари мо аз аввал сулҳхоҳу сулҳҷӯ ба оинҳои ҳамсоядорӣ арҷгузор буданд. Орзуи ҳамешагиашон ҳам ин буд, ки Наврӯзи бахту саодати воқеии миллат фаро бирасад.
Ниҳоят, талошҳо самар доданду ормонҳои наврӯзии мо сабз гаштанд. Ба ҷои оташи ҷанг дар кӯчаҳо оташи дигаре ғулғула кард, ки мардум гирди он якдигарро нидо мекарданд:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир.
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
Сардиҳо ба гармӣ ва зардиҳо ба сурхӣ табдил ёфтанду миллат ба рӯзҳои нек расид. Дар қатори ҳамаи дастовардҳо, расму оинҳои наврӯзӣ низ эҳё гаштаву таҷлили он шукӯҳи тоза гирифт. Бо ибтикори Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ба ин Ҷашни бостонии мо мақоми байналмилалӣ дод. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Наврӯзе, ки аз гирудорҳои таърих гузашта, бегазанд ба мо расид. Наврӯзе, ки дар баробари истиқлоли давлатӣ барои миллати мо азизу гиромист, зеро истиқлол ба давлатдории деринаи мо дигарбора муҳри тасдиқ зада бошад, тавассути Наврӯз расму оинҳои бостониамон, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳастии моянд, эҳё ва ба оламиён муаррифӣ гаштанд.
Дар ин амри нек – ҷаҳонӣ шудани Наврӯз низ саҳми Пешвои миллат хеле барҷаставу бориз аст, ки ба таъкиди профессор Равшан Раҳмонӣ дар оғози садаи XXI таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун бедории табиат, муҳаббат, ваҳдат, дӯстӣ, пайванди мардумони гуногуни олам бештар шуд; ба ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, пайванди бештари муносибатҳои байни мардумони олам, таблиғи ғояҳои сулҳ ва ҳамҷавории кишварҳо нақши арзишманд бозидани Наврӯз таъкид гардид. Ва дар даҳсолаи аввали садаи XXI ваҳдати фарҳангӣ низ миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омад.
Дар ҳақиқат, аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ Сарвари давлати мо ҳамеша аз Наврӯз мегуфтанду мардумро ба дӯстиву рафоқат мехонданд. Тавассути арҷ гузоштан ба арзишҳои бостонии миллат, на танҳо Ҷашни Наврӯз, балки Садаву Меҳргону Тиргонро низ зинда карданд, ки имрӯз онҳоро дар радифи Наврӯз таҷлил менамоем.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»