Баргашт Чоп кардан

ГӮШТИНГИРӢ


Мусобиқаи наврӯзӣ дар Панҷакент доир мешавад
16-17-уми март дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Тавре Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Мусобиқа гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Дар Мусобиқа иштироки паҳлавонҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. 
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои миллии варзиш, бахусус гӯштини миллӣ, эҳё шуда, мунтазам рушд меёбад. 


ФУТБОЛ
Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи Суғд, Мирзоев раиси Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуданд
Дар пайи Хатлон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҳам конференсияҳои ҳисоботӣ-интихобии федератсияҳои футболи минтақавӣ доир гаштанд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд дар меҳмонхонаи "Суғдиён" доир гашт. Зимни суханронии масъулон таъкид шуд, ки футбол ҳамчун яке аз намудҳои маъруфи варзиш дар кишвар сол ба сол рушд намуда, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Дар рафти конференсия бо ҷонибдории вакилон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи Суғд, Илҳомҷон Аҳмадов муовини аввали раис ва Рустам Марофиев муовини раис интихоб шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода масъулонро вазифадор намуд, ки барои рушди минбаъдаи футбол дар вилоят, дастгирии дастаҳои маҳаллӣ, беҳтар нигоҳ доштани варзишгоҳҳо ва амалӣ намудани барномаҳои рушди футбол тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Конференсияи Федератсияи футболи Душанбе дар меҳмонхонаи «Ҳйатт Реҷенси” баргузор шуда, Фарҳод Мирзоев, директори генералии ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон», барои чор соли оянда дубора раиси Федератсия интихоб шуд. Исо Бафоев муовини якуми раис ва Ҷаъфар Ахмедов муовини раис шуданд. Ҳамчунин, ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи федератсия 7 нафар шомил гашт.


Тими наврасони Тоҷикистон дар Қатар тамрин мекунад
Тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025, ҷиҳати анҷоми ҷамъомади тамринии даҳрӯза ба Қатар рафт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии даста Марко Раҷини ба ҷамъомади тамринӣ 24 бозигарро даъват кард. Дастаи наврасони мо дар Қатар якчанд бозии санҷишӣ низ анҷом медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Уммон (5 апрел), ҶХД Корея (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) бозӣ мекунад.
Бар асоси натиҷаи марҳалаи гурӯҳӣ, аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чорякфинал роҳ меёбанд ва роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2025-ро, ки аз 5 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, дарёфт мекунанд.


Чемпионати футболи Тоҷикистон оғоз меёбад
Фардо – 7-уми март – Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад.
34-ум Чемпионати кишвар имсол бо иштироки 12 даста дар ду марҳала сурат мегирад. Ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар анҷом ҷойи 12-умро ишғол мекунад, дар мавсими 2026 ба Лигаи якум мегузарад. Дастаи зинаи ёздаҳум бошад, бо дастае, ки дар Лигаи якум ҷойи дуюмро сазовор мешавад, бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар даври аввал 7-уми март КМВА (Душанбе) бо “Ҳосилот” (Фархор), “Истиқлол” (Душанбе) бо “Хуҷанд”, 8-уми март “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) бо “Ҳулбук” (Восеъ), “Барқчӣ” (Ҳисор) бо “Регар-ТадАЗ”, 9-уми март “Вахш” (Бохтар) бо “Эсхата” (Хуҷанд), “Равшан” (Кӯлоб) бо “Истаравшан” вомехӯранд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”