Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,
Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.
Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон
Дар бари модар, ба паҳлӯи зан аст.
Зиндагӣ имрӯз агар шодоб шуд,
Аз насими поки сарҷӯи зан аст.
Осмони беғубори зиндагӣ
Аз сафои поки менӯи зан аст.
Мо – ҳама мадюни заҳматҳои ӯ,
Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.
Қалъаи амнияти подори мо,
Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.
Зан сари болову пирӯзии мост,
Рӯйи ҳастӣ, рӯйи хушрӯи зан аст.
ЗАНИ ТОҶИК
Зани тоҷик волотар зи мард аст,
Зане, ки аз матои ишқу дард аст.
Зани нобиғазо, алломапарвар,
Вуҷудаш нурзо – хуршеди Ховар.
Зане, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад,
Ба ҷуз шаъну шараф мино надорад.
Зане, ки бо шуҷоат пойдор аст,
Фурӯғи сад ҳунар, сад касбу кор аст.
Ба ғайр аз он ки моми тифлакон ӯст,
Кишоварз ӯ бувад, ҳам боғбон ӯст.
Нигаҳдорандаи мол асту ҳол аст,
Ба ҳар касби накӯ ӯро маҷол аст.
Зани кайвонаи садҳо ғизо ӯст,
Зани сарманшаи ишқу вафо ӯст.
Зане, ки рӯи гармаш рӯи нон аст.
Танураш руҳбахши ҷисму ҷон аст.
Зани зардӯзу гулдӯзу бафарҳанг,
Ҳунар ёбад аз ӯ сад гунае ранг.
Ба ҳар гулдӯзию зардӯзии ӯ
Ҳазорон рамзи миллат мезанад рӯ.
Бидӯзад дарзаву бофанда ҳам ӯст,
Дилаш пурғуссаву дар ханда ҳам ӯст .
Зане, ки чорво ҳам парваридаст,
Зане, ки дар дилаш ғам парваридаст.
Зани дорандаи адлу адолат,
Зани шоистаи арҷу ибодат.
Зани заҳматкаш асту ҷоннисор аст,
Зане, ки пайкари нанги диёр аст.
Зане, ки шаҳсутуни зиндагонист,
Ки бе ӯ зиндагониро рамақ нест.
Ҳазорон пеша дорад, лек якрӯст.
Ҳазорон ҷавр дида, боз некӯст.
Зане, ки аз шуҷоатҳо зираҳ дошт,
Зане, ки миллати моро нигаҳ дошт.
Зи умқи асрҳо овард моро,
Бидуни касрҳо парвард моро.
Зане, ки модар асту ҳам падар ӯст,
Зани сарманшаи садҳо зафар ӯст.
На танҳо шир бар мо доду нон дод,
Калиди ганҷҳо – бар мо забон дод.
Забоне, ки чу ҷон моро нигаҳ дошт,
Ҳама бунёди моро дар панаҳ дошт.
Ҳама оину суннат зинда бо ӯст,
Ҳама андарзу ҳикмат зинда бо ӯст.
Зане, ки Меҳргонро ҳифз мекард,
Сада - гармии хонро ҳифз мекард..
Зане, ки худ ба мо Наврӯзро дод,
Ба мо наврӯзии ҳар рӯзро дод.
Зане, ки файзу эҳсон зинда бо ӯст,
Зане, ки Тоҷикистон зинда бо ӯст.
Зане, ки хоҳари мо, модари мост,
Зане, ки файзи даргоҳу дари мост.
Бимонӣ зинда кош, эй бахти Меҳан,
Ки бо ту зинда монад миллати ман!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон