Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инчунин назорати фаъолияти рекламавӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонд.
Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз тарафи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ гардидааст, 30-31-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва аввалин ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҷаласаҳо барои ҳамкории минбаъдаи мақомотҳои зидиинҳисории давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай такони ҷиддӣ бахшиданд.
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, иброз дошт, ки соли рафта 58 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ашхоси хориҷӣ, вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз рӯйи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гаштанд.
Ба маълумоти ӯ, фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори молӣ мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд. Дар давраи мавриди назар бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳо, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон, хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз тарафи Хадамот баррасӣ шуда, ба мувофиқа расид. Ҳамзамон, дар ин муддат 144 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 59 муассисаи тиббӣ ва 85 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ, мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа шуданд.
Хадамот дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2018 “Дар бораи Номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд” мониторинги 20 номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохилӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.
Соли рафта бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамот дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар чанд субъекти хоҷагидор санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронд, ки дар натиҷа ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор гашт ва ин маблағ ба буҷети давлат супурда шуд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, – гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»