Бонувони муштзани кишвар дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ширкат доранд
9-уми март дар шаҳри Ниши Сербия Чемпионати ҷаҳонии бокси бонувон оғоз гардид, ки то 16-уми март идома меёбад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс, дар Чемпионат 239 варзишгар-бону дар ҳайати 51 даста ширкат доранд ва дар 12 вазн барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон 3 варзишгарро ба ин мусобиқаи бонуфуз сафарбар намуд: Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг), Нилуфар Бобоёрова (63 кг).
Аллакай, муштзанбонувони мо муҳорибаҳояшонро дар даври аввал анҷом доданд. Шоира муқобили варзишгар аз Африқои Ҷанубӣ Е. Петер, Миҷгона бар намояндаи Мексика Диана Перес пирӯз шуданд. Нилуфар бошад, аз варзишгари Литва Екатерина Сорокина мағлуб гашт.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс барои ғолибону ҷоизадорон мукофоти арзишманд таъин кардааст. Ғолибон 100 000 доллари ИМА, барандагони медалҳои нуқра – 50 000, биринҷӣ – 25 000 доллар дарёфт мекунанд. Ҳамчунин, бори аввал ба иштирокчиёни даври чорякфинал, ки мағлуб шудаанд, 10 000 доллар тақдим мегардад.
ВОЛЕЙБОЛ
Ҷоми раиси шаҳри Душанбе насиби кӣ шуд?
Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни дастаҳои касбӣ ва ғайрикасбии бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар, ки 15-уми феврал оғоз гардида буд, 7-уми март ҷамъбаст шуд.
Ба иттилои МИҲД шаҳри Душанбе, дар мусобиқа 40 даста аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои мунтахаби ВМКБ, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ, миёни дастаҳои ғайрикасбӣ бонувони Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Тими Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар байни дастаҳои касбӣ волейболбозони ВМКБ мақоми аввал, дастаи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва тими вилояти Суғд зинаи сеюмро мушарраф гардиданд. Ба ғолибон ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 18125 сомонӣ, барандагони ҷойи дуюм 15575 ва ҷойи сеюм 10475 сомонӣ тақдим шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”