Рашидуддини Ватвот
Дар зери пои ҳиммати ту тораки сипеҳр,
Дар зери дасти ҳашмати ту арсаи ҷаҳон...
Андар камол бод вуҷуди ту пойдор
В-андар ҷалол бод бақои ту ҷовидон.
Хоқонии Шарвонӣ
Эй резаи рӯзии ту будӣ,
Аз ресиши ресмони модар.
Хӯ карда ба тангнои Шарвон
Бо тангии обу нони модар...
Эй дурри ятиму чун ятимон,
Афтода бар остони модар.
Бо ин ҳама ҳам нигоҳ медор,
Ҳаққи дили ҷонфишони модар.
Саъдии Шерозӣ
Канору бари модари дилпазир
Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир.
Дарахтест болои ҷонпарвараш,
Валад меваи нозанин дар бараш.
На рагҳои пистон даруни дил аст?
Пас ар бингарӣ, шир хуни дил аст.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Чун модари ман ба зери хок аст,
Гар хок бар сар кунам, чӣ бок аст...
Меҳре, ки ба шир шуд фароҳам,
То ҷон наравад, куҷо шавад кам.
Гирам, ки шавӣ зи дида мастур,
Аз синаи ман куҷо шавӣ дур?
Абдураҳмони Ҷомӣ
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Маҳдии Суҳайлӣ
Баъд аз Худо худои дилу ҷони ман туӣ,
Ман бандае, ки бори гунаҳ мекашам ба дӯш.
Ту он фариштаӣ, ки зи меҳрат сириштаанд,
Чашм аз гуноҳкории фарзанди худ бипӯш.
Равони модарам шодон, ки умре
Маро дар роҳи Эзид раҳбарӣ кард.
Ба гӯшам нағмаи тавҳид сар дод,
Ба ҷои модарӣ пайғамбарӣ кард.
Халилуллоҳи Халилӣ
Ҷашни модар рӯзи Иди модар аст,
Розҳо дар мақдами вай музмар аст...
Одамиро гар Худо орад нахуст,
Одамиятро кунад модар дуруст.
Модари фархунда шогирди Худост,
Устоди дарсгоҳи кибриёст.
Сайид Ҷалолиддини Ифтихорзода
Хуршеди ишқу моҳи вафо модари ман аст.
Ойинаи худойнамо модари ман аст.
Он каъбаи мурод, ки аз номи меҳри ӯ
Комам зи лутф дода Худо, модари ман аст.
Боқӣ Раҳимзода
Сарчашмаи ҳаёти ҷаҳонанд модарон,
Зинатфизои давру замонанд модарон.
Сидқу сафои оламиёнанд модарон,
Бар боли умр тобу тавонанд модарон.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ,“Ҷумҳурият”