Бахти баланди мову ин миллати куҳанбунёд аст, ки дар фазои сулҳу оромиш боз расидем ба баҳор, ба фасле, ки пайки шодиву сурур дар пай дорад. Хоса моҳи март, ки аз оғоз то ба анҷом саропо пур аз ҷашну иду тантанаҳост. Басо рамзист, ки силсилаи ҷашнҳои милливу давлатии мо дар ин моҳи муборак аз таҷлили Рӯзи Модар оғоз мегирад. Қадрдонии матбуотчиён ва дар маҷмуъ, аҳли эҷод дар рӯзи касбиашон – 11-уми март хурсандии идонаи моро насими тоза бахшида, то ба Наврӯзи оламафрӯз мерасонад...
6-уми март, дар чунин як фазои идона, бо ташаббуси факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуот ва 100-солагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуот” баргузор шуд. Дар ҳамоиш роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати докторону профессорон, омӯзгорони ҷавону доираи васеи донишҷӯён ва аҳли қаламу эҷод ҳузур доштанд.
Ректори Донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода бо эҳтироми самимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, сухане чанд аз таърихи рӯзномаи миллатсоз – “Ҷумҳурият” иброз дошт. Аз ҷумла, аз нақши “Ҷумҳурият” дар раванди давлатсозии тоҷикон ёдовар шуда, таъкид сохт, ки 15-уми марти соли 1925, рӯзе, ки нахустшумораи ин ҷаридаи таърихӣ рӯйи чоп омад, аҳли зиёи тоҷик ид дошт. Ҳамин шодии деринтизор боис гашт, ки рӯзнома ҳам бо номи пурифтихори “Иди тоҷик” ба дасти хонанда расад. Ба таъкиди устод, умри 100-сола дидани нахустин рӯзномаи тоҷикии дохили ҷумҳурӣ далели бебаҳси фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи бедории фикриву сиёсии тоҷикон дар ин марҳалаи тақдирсоз маҳсуб меёбад.
Устод бо миннатдорӣ аз роҳбарияти рӯзнома таъкид сохт, ки “Ҷумҳурият” дар партави дастуру ҳидоятҳои муассисони худ – Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба кор миёни тамоми васоити дигари ахбор мақоми хосса дорад. Имрӯз даҳҳо хатмкардаи Донишгоҳ дар ин мактаби бузург сабақ омӯхта, камол ёфтаву номбардорони матбуоти тоҷиканд...
Чун шогирди навхати ин даргоҳ баъди шунидани чунин суханҳои ифтихорангез чашм ба минбар беихтиёр ба андеша рафтам. Эҳсоси аҷибу ғайриинтизоре фарогирам шуду хатти тақдири чанд соли охири умрам пеши назар омад. Охир, ман ҳам бо сари баланд гуфта метавонам, ки корманди ин рӯзномаам. Ҳамагӣ як сол пеш ба “Ҷумҳурият” ба кор омадам. Замоне, ки акнун 18 сол доштаму дар курси аввали факултети журналистика таҳсил мекардам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки тақдир маро ба ин рӯзномаи бонуфузи кишвар ҳамқадам месозад. “Ҷумҳурият” дар ин муддати кӯтоҳ бароям мактаб гашт. Шогирди устодони соҳибтаҷриба ва рӯзгордида шудам...
Дар ҳамин лаҳза Басона Сатторзода, гуфтани сармуҳаррир, ки дар минбар сухан мекард, хатти хаёлоти маро шикаст ва ҳушу гӯш аз ҷой бархестам. Вале зуд ба худ омада, дарк намудам, ки устод Қурбоналӣ Раҳмонзода ҳайати ҳамроҳонашонро, ки дар ҷаласа ширкат доранд, муаррифӣ мекунад. Намедонам барои чи, аммо ҳамин як лаҳза бароям ниҳоят ҳассосу фараҳбахш шуд. Шавқу ҳаваси маро ҷиҳати фаъолият дар ин рӯзнома даҳчанд намуд. Шояд акнун дарк сохтам, ки мани ҷавондухтари ҳанӯз муҳассили курси дуюм дар ин толори муҳташам на ҳамчун донишҷӯ, балки меҳмони олиқадр – корманди рӯзномаи рақами 1-и кишвар ҳузур дорам, ки барои чанд нафари шарикдарсам намунаи ибрат шуда тавонам.
Эҳсосамро он лаҳза бо сухан гуфта натавонистам. Ҳашамати минбар ва ҳузури устодону ҳамсабақон тавони андешаву гуфторро гӯё аз ман барои муддате гирифта буданд. Вале зери дил ҳазорон бор изҳори сипос мекардам. Дар ҳақиқат, рӯзгори мо – ҷавондухтарони имрӯзӣ шоёни миннатдориву шукрона аст. Агар ҳар яки мо бо чашми хирад ба худу зиндагиамон назар андозем, дарк хоҳем кард, ки давлату Ҳукумат то чи андоза бароямон ғамхору меҳрубон аст. Худ қазоват кунед, як духтари деҳотӣ, ки акнун ба донишгоҳ дохил шудаву хатти тақдир меҷӯяд, корманди идорае ҳаст, ки муассисаш Сарвари давлат мебошад. Донишҷӯ-корманде, ки дар қатори устодони касбаш маош мегираду имкон дорад барои худ зиндагии шоиста муҳайё созад. Пас, чаро ману мо шукрона накунем? Ҳазор бор шукр аз фазои орому осоиш, ки нафаси озод мегирем. Шукри Пешвои муаззами миллат, сано ба Сарваре, ки ғами мо - ҷавондухтаронро падарвор мехӯранд ва ҳам сипос ба роҳбарони масъуле, ки сиёсатҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварро дар коргоҳу муассисаҳо тадбиқ намуда, хатти тақдири ҷавони навхатеро мунаввар месозанд. Сано!
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”