Субҳи 7-уми март саҳни Кохи Борбад гулрез буд: гулҳои рангоранг, яке аз дигаре зеботар. Ин дастагули ботароват, баъдан толорро пур кард. Толореро, ки бо накҳати садбарг омезиш ёфта буд. Бо ин садбаргҳо армуғони дигаре ҳам ба ҳар бону тақдим гашт: ду ҷилди "Шоҳнома", ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар хонадон тақдим хоҳад шуд. Аммо ин муҳаббату самимияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон буд, ки нусхаи аввали ин асари безаволро маҳз ба занону духтарон тақдим намуданд ва гӯшрас ҳам карданд:
Ҳар он кас, ки "Шоҳнома"-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад...
ТАҚДИМИ "ШОҲНОМА" БА БОНУВОН
Чопу тақдими ин шоҳасар ба ман ва ҳамаи бонувони дар толор ҳузурдошта навиди тоза ва басо хушҳолкунанда буд. "Шоҳнома"-ро кушодам. Оғози сухан аз Сарвари харадпешаи миллат аст, ки дар сарсухан бо назар афкандан ба баҳои донишмандону адибони бузурги дунё шоҳкори беназир будани ин шоҳасарро таъкид мекунанд: "Ҳарчанд то Фирдавсӣ ва баъди ӯ "Шоҳнома"-ҳои зиёде эҷод шудаанд, аммо дар дунё як шоири шоҳноманавис, яъне Фирдавсӣ ва як "Шоҳнома" – асари Фирдавсӣ эътироф гардидааст ва умри абад пайдо кардааст. Сарвари давлат чунин менигоранд, ки "Шоҳнома" дар замони рӯ ба таназзул овардани давлати Сомониён эҷод шудааст, ки шоир мехост бо тариқи ба ёд овардани таърихи пуршукӯҳи ниёгон, давлат дубора барқарор ва руҳи шуҷоату мардонагӣ ва диловарию ватанхоҳӣ дар сарзамин аз нав бедор шавад...".
Воқеан, ҳамчун туҳфаи Роҳбари давлат нахуст ба дасти бонувон расидани "Шоҳнома" ҳикмати хоси худро дорад, зеро зан-модар тарбиятгар асту аввалин муаллими ҳар фард. Аз ин рӯ, дарси аввали худшиносиву ватандӯстиро ба фарзанд модар медиҳад. Чӣ манбае метавонад беҳтар аз "Шоҳнома" ин мавзуъҳоро дар худ ғунҷонад? Ҳеҷ! Аз ин рӯ, хондан ва донистани ин асаре, ки меҳвараш дӯст доштани Ватан аст ва дар ин руҳия тарбия намудани насли оянда бисёр муҳим ва зарур аст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”