Зери сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла варзиш, фаъолияти назаррас доранд.
Варзишгарбонувони мо, дар баробари мардҳо, дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳо ноил гашта, Тоҷикистони маҳбубро муаррифӣ намудаанд. Махсусияти варзишгар-бонувони мо дар мусобиқаҳо он аст, ки дар баробари парафшонии Парчами давлатӣ ва танинандоз гаштани Суруди миллӣ, дар муаррифии фарҳанги миллат низ саҳм мегузоранд: куртаи чакани Мавзуна Чориеваро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва ҳангоми медалсупорӣ ба хотир дорем. Дар ҳамин радиф, беҳтарин дастоварди варзишгарбонувони кишварро ёдрас мекунем.
Зебинисо Рустамова
Ин ном беш аз 50 сол аст, ки вирди забонҳост. Ҳанӯз соли 1976 камонвар Зебинисо Рустамова дар ҳайати ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Монреал (Канада) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Як сол пеш аз ин – соли 1975 бошад, унвони чемпиони ҷаҳон насибаш гардид. Умуман, З. Рустамова чор карат чемпиони ҷаҳон дар ҳисоби инфиродӣ ва даставӣ, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, чемпиони секаратаи Аврупо, чемпиони 15-каратаи ИҶШС ва 20-каратаи Тоҷикистон мебошад. Варзишгари барҷастаи асри ХХ-и Тоҷикистон эътироф шудааст.
Мавзуна Чориева
Мавзуна замони соҳиб-истиқлолии кишвар таваллуд шуда, ба воя расидааст. Аз хурдӣ бо тавсияи падар ба варзиш машғул шуд ва дар бокс ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.
Ӯ соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гашт. Худи ҳамон сол дар Чемпионати ҷаҳон низ ҷойи сеюмро гирифта буд. Медалҳои тилло ва биринҷии Чемпионати Осиё ва ғолибияташ дар даҳҳо мусобиқаи байналмилалӣ аз дастовардҳои дигараш мебошанд.
Мавзуна дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон ва дар маросими медалсупорӣ бо куртаи чакан ҳузур пайдо кард, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намуд. Ба гуфтаи худи Мавзуна, дар Лондон даҳҳо нафар бо ӯ акси хотиравӣ гирифтанд.
Миҷгона Самадова
Миҷгона низ духтари замони истиқлол аст ва дар бокс то имрӯз ба дастовардҳо ноил гаштааст. Медали биринҷии Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳагжоуи Чин назаррастарин дастовардаш мебошад. Ӯ, ҳамчунин, дар Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт ду маротиба ба гирифтани медали тилло мушарраф шуда, иштирокчии Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.
Дар баробари ин, даҳҳо варзишгарбону дорем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Шоира Зулқайнарова (бокс), Моҳру Ҳалимова (таеквондо), Кристина Пронженко (варзиши сабук), Шоҳида Қаландарова (ҷудо, гӯштингирӣ), Мадина Қурбонзода (ҷудо) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Моҳру Ҳалимова як медали нуқра ва се биринҷӣ, Шоира ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро доранд. Кристина дар мусобиқаҳои минтақавӣ натиҷаҳои назаррас дорад ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро мебошад.
Солҳои охир футболбозбонувони мо иштирокчии фаъоли мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Дар риштаи бокс Фариноз Абдуллоева соли 2023 дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба гирифтани медали нуқра ва соли 2024 дар Чемпионати Осиё ба гирифтани медали тилло даст ёфт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”