Дар Душанбе
Чорабинии тантанавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Модар, таҳти унвони “Модар – фариштаи рӯйи замин”, дар Кохи Суруш доир гашт.
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ Бахтиёр ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ – Наврӯз таҷлил мегардад, паёми шодбошии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба модарону бонувон ва ҳамватанон расонда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.
Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардондани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Модарону хоҳарон, ҳамчун сокинони пойтахт, иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр нақши беандоза доранд.
Дар фарҷом баҳри болидаруҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар пешкаш гардид.
Дар Бадахшон
Дар шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ба фарорасии фасли нозанини сол – баҳор рост меояд, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён ба ин фариштаи офарандаи ҳаёт мебошад. Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: “Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”.
Дар ин радиф, таъкид шуд, ки нақши бонувони вилоят низ дар таҳкиму рушди оила, ҳифзу равнақи анъанаҳои неки ниёгон, ҳунармандӣ ва дигар шуғлҳо бориз буда, бо мусоидати давлат соҳибкасб гардондани ҷавонондухтарон ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оила қобили таъкид ва таҳсин мебошад.
Раиси вилоят изҳори хушнудӣ кард, ки бонувон-модарони собиқадори вилоят бо ташаббусу иқдомҳои наҷибашон дар ҳамаи чорабиниҳо иштирок намуда, дар тарбияи насли наврас ва ҳифзу ҳимояи анъанаву арзишҳои неки миллиямон саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Дар фарҷом бархе аз модарону бонувони фаъол бо ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Дар Суғд
6-уми март дар Қасри Арбоб бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад ва аввалин шахсест, ки бо муҳаббати пок ва меҳрубонии бекаронаш дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ месозад.
Агар ободиву суботи ҷомеа ба осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон ба руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан-модар вобаста аст.
Таъкид шуд, ки имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 178 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 694 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.
Ин нуктаҳо баёнгари онанд, ки модарони тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар, саҳми басо арзишманд доранд.
Замири модарон аз меҳру муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардида, дар васфи бузургиву меҳрубониҳои модар сурудҳо танинандоз шуд.
Дар Хатлон
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо суханронии Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, оғоз шуд. Ӯ нақши беназири занро дар ҷомеа таъкид карда, иброз намуд:
– Зан сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо неруи бепоёни худ чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳо мебошад. Арҷгузорӣ ба модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мост.
Дар идома ба як қатор бонувони фаъол сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”