Шаҳбонуи Саразм
Аз Саразми давраи сангу биринҷӣ, яъне 5500 сол пеш, ба ҷаҳониён собит гардид, ки гузаштагони мо шаҳрнишин, кишоварз, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд, тоҷир буданд. Бавижа, дар соли 1984 аз ин шаҳркаи бостонӣ пайдо шудани хокҷои бонуе бо асбоби ороишӣ бори дигар муҳри ҳақиқат зад, ки ин миллат ба зан аз бостон то остон арҷ мегузорад. Ин бозёфти нодири таърихӣ баъдтар “Шаҳбонуи Саразм” ном гирифт ва онро ҳоло дар аввалин толори осорхонаи нави Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм дидан мумкин аст.
Ҷасади шаҳбону дар шакли хобидан дар батни модар истода, наздаш кулоҳ, пироҳан, анвори ороишӣ, аз ҷумла марвориду оина, ҳаст. Пироҳан бо сангҳои арзишманд: ақиқи сурх, лоҷувард, фирӯза оро ёфта буд. 49 дона марҷони зарин мӯйи занро оро медод. Ду дастпонаи зан аз устухони гӯшмоҳӣ дақиқ кард, ки онро аз Ҳиндустон тоҷирон овардаанд. Зеро чунин чизҳо танҳо дар шаҳраки Моҳанҷодорои Ҳиндустону Меҳргари Покистон ёфт шудааст. Ин ҳама дороӣ аз ҷойгоҳи шоистаи зан дар он ҷомеа гувоҳӣ медод. Пажӯҳиши бостоншиносони ватанию хориҷӣ собит намуд, ки ӯ 3500 сол қабл хок шудааст.
Сангнигораҳои Тахти Ҷамшед чӣ мегӯянд?
Мо як гурӯҳ аҳли адаб соли 2023 ба Эрон сафар доштем. Аз ҷумла, шарафи дидани Тахти Ҷамшед дар Эроншаҳри бостонӣ муяссарамон шуд. Дар он ҷо, дар баробари тамошои сангнигораҳои фаровон, аз ҷумла тасвири шоҳону тарзи давлатдории онҳо, ҳамзамон, тасвири бонувонеро аз замони Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён дидан мумкин буд, ки аз эҳтироми баланди онон дар фарҳанги ориёӣ дарак медод. Ин сангнигораҳо бори дигар исбот мекунанд, ки дар аҳди бостон низ зан дар баробари мард ҷойгоҳи сутуданӣ дошт, ҳуқуқҳои он чун катбону ва модар риоят мегардид.
Аз Робиаи Балхӣ то Фарзона
Касе китобчаи бисёр фарогир ва муъҷази Тоҷӣ Усмон “Бисту се адиба”-ро хонда бошад, мебинад, ки нақши бонувон дар забону адабиёти мо то чи андоза барҷаста будааст. Дар ин китоб Робиаи Балхӣ, Исмати Самарқандӣ, Ойишаи Самарқандӣ, Муниса Маҳастии Хуҷандӣ, Ситтӣ-хонум, Мутрибаи Кошғарӣ, Ҷаҳон-хонум, Меҳрии Ҳиротӣ, Адибаи Деҳлавӣ, Комила-бегим, Шоира Ниҳонӣ, Мунира духтари Мушфиқӣ, Зебуннисо (мутахаллис ба Махфӣ), Зинатуннисо, Бузургии Кашмирӣ, Нурҷон-бегим, Зуҳро, Моҳлиқои Ҳайдарободӣ, Лола-хотун, Иффатии Исфароинӣ, Шоира Тоҷуддавлат, Маҳзуна, Нодира, Мирзо-Фотима (мутахаллис ба Камина), Шоира Тоҳира як ба як бо намунаи ашъорашон муаррифӣ мешавад, ки ҷои шодмонист. Албатта, ин силсила баъдан бознигарӣ шуд ва ҳоло шумораи бонувони эҷодкори мо дар таърихи адабиёт аз 23 фаротар меравад.
Адабиётшиносон ба хулосае омадаанд, ки нахустин шоири зани порсигӯйи айёми Сомониён Робиаи Балхӣ дар шеъру шоирӣ ҳамсанги устод Рӯдакист ва ашъори ками боқимондаи ӯ далели рӯшани ин гуфтаҳост.
Дар ин байн Зебуннисо низ хеле номвар аст ва ғазалҳояш дар пардаи Шашмақом то ҳол сароидаву шунида мешаванд.
Дар сад соли охир сафи шоирони бону дар фарҳанги мо афзуд ва номҳои хуҷастаи Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Симин, Гулрухсор, Фарзона дар пештоқи забону адаби тоҷикӣ-порсӣ ҳак шудааст.
Дар имсола Рӯзи Модар аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон армуғон шудани “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва аз минбари баланд садо додани ин байт аз забони Роҳбари як кишвар то чи ҳад бо адабиёту забон ҷонпайванд будани бонуи тоҷикро ба намоиш мегузорад:
Ҳар он кас, ки "Шоҳнома"-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”