Дуои ту, модар, тилисми ҳаёт аст,
Дуои ту, модар, умеди наҷот аст.
Зи чанги гуноҳам раҳо кун, раҳо кун,
Барои мани худ дуо кун, дуо кун.
Чу мӯйи сафедат дили ту сафед аст,
Дуои ту, модар, калиди умед аст.
Дуои ту дорад шукӯҳи Худованд,
Зи дӯши ту борад футуҳи Худованд.
Биёмурз, модар, зи ғамҳо раҳо бахш,
Ба нури дуоят ба ҷонам сафо бахш!
Чароғи дуоят фари ҷони ман бод!
Шукӯҳи нигоҳат нигаҳбони ман бод!
Дуои ту, модар, зи тифлӣ бипарвард,
Дуоят шифоям намуд аз ҳама дард.
Дуои ту бошад тилисми ҳаётам,
Сафоям, бақоям, нишотам, наҷотам...
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон