Таҷриба нишон медиҳад, ки дар таҳкими тарбияи маънавӣ санъат, адабиёт ва театр нақши калидӣ мебозанд, зеро онҳо на танҳо таъриху фарҳанги миллатро нигоҳ медоранд, балки ба ташаккули шахсияти миллӣ ва эҳсоси худшиносӣ низ мусоидат мекунанд. Пас, барои баланд бардоштани маърифати миллӣ инкишофи фарҳанг ва ҳунар дастгирии санъат, адабиёт, театр ва синамо хеле муҳим аст.
АДАБИЁТ ҲАМЧУН ВАСИЛАИ ИНЪИКОСИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Адабиёт яке аз муҳимтарин василаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли арзишҳои миллӣ ба наслҳои оянда мебошад. Он на танҳо воқеиятҳои таърихӣ ва иҷтимоии ҷомеаро инъикос мекунад, балки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маънавиро низ дар худ таҷассум месозад. Тавассути осори адибон, урфу одат, расму анъана ва афкору андешаҳои миллӣ ба ҷомеа ва ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Чунончи, осори адибони классикии тоҷик, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, на танҳо арзишҳои миллӣ, балки ҷаҳониро низ ба таври густурда фаро гирифтаанд. Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва ба шаҳрвандон туҳфа намудани “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати кишвар ба тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, нақши адабиёти миллӣ дар ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад.
– Адабиёт яке аз қавитарин василаҳоест, ки арзишҳои миллиро на танҳо нигоҳ медорад, балки онҳоро ба таври муассир ба наслҳои оянда интиқол медиҳад. Тавассути адабиёт мо метавонем ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ахлоқи ҷомеаро ҳифз намуда, барои рушду шукуфоии миллат саҳм гузорем,– мегӯяд мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мутрибахон Мавлонова.
Дар ин робита, баргузор намудани конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, нашри китобҳову нақди осори адибони муосир аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки олимону мутахассисони соҳа баҳри ҳифзи илм, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ амалӣ месозанд.
ТЕАТР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар ҳамаи давру замон санъат ҳамчун оинаи маънавии ҷомеа шинохта мешавад, ки дар худ арзишҳои миллиро инъикос мекунад. Дар баробари ин, ҳунарҳои тасвирӣ, мусиқӣ, ҳайкалтарошӣ ва дигар шаклҳои санъат метавонанд маърифати миллиро тавассути офаридани асарҳое, ки таъриху суннатҳои миллиро таҷассум мекунанд, таҳким бахшанд. Ҳунармандон бо эҷодиёт ва офариниши худ метавонанд эҳсоси ваҳдат ва ифтихори миллии мардумро бедор созанд.
Театр ва намоишномаҳои театрӣ, филмҳои бадеӣ, ки мавзуъҳои гуногуни иҷтимоиро дар бар мегиранд, на танҳо воситаи фароғат, балки омили муҳими тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа ба шумор мераванд. Дар ин замина, рушди театр ва синамои тоҷик, дастгирии ҳунармандон метавонад барои баланд бардоштани маърифати миллӣ нақши назаррас бозад.
Синамои тоҷик бошад, ҳамчун оинаи фарҳанг ва таърихи миллат дар баланд бардоштани маърифати миллӣ басо нақши муҳим ва назаррас дорад. Филмҳои тоҷикӣ анъана, урфу одат ва арзишҳои миллиро тавассути образҳо ва ғояҳои инсонгароёна ба наслҳои нав мерасонанд. Синамо яке аз соҳаҳои хеле муҳим аст, ки худшиносии миллиро таҳким мебахшад.
Дар ин робита, директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” Осим Орифпур изҳор медорад, ки ҳар сол филмсозони тоҷик бо офаридани асарҳои ватандӯстона ҳисси ифтихор аз миллатро то андозае бедор мекунанд, зеро филм ҳамеша як василаи таъсиррасонӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина, метавон зикр кард, ки синамо на танҳо воситаи таъсиррасонӣ мебошад, балки тавассути синамо метавонем шоҳкориҳои ниёгон ва мероси таърихии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.
– Синамо на танҳо таърихи миллатро ба дигарон намоиш, балки ба ҷавонон дарси худогоҳӣ ва ватандӯстӣ медиҳад. Аз ин лиҳоз, ҳар як филми миллӣ бояд оинаи зиндагӣ, хираду фаросат ва фарҳанги волои тоҷикон бошад. Филмҳои тоҷикӣ бояд воқеаҳои муҳими таърихии кишварро бо забони кино ба мардум пешкаш намоянд. Ба ин васила, мардум аз таъриху маданияти хеш огоҳ мешаванд. Бинобар ин, бояд соҳаи синамо дар кишвар ташаккул ёбад, шабакаи ягонаи миллии кинотеатрҳо ва намоиши филм ба фаъолият оғоз кунад, то ки эҷодкорон ба ҳадафи худ бирасанд. Тараққиёти синамои тоҷик яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани ҳувияти миллӣ мебошад,– таъкид месозад Осим Орифпур.
ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР ТАШАККУЛИ ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ
Истиқлоли миллӣ барои ташаккули тарбияи миллӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Имрӯз вусъат додани тарбияи миллӣ кафолати рушд ва суботи ҷомеа мебошад. Ҳар як фард бояд дар ин раванд саҳм гузошта, барои пешрафти миллату давлат кӯшиш намояд. Танҳо бо роҳи худшиносӣ ва омӯзиши арзишҳои миллӣ метавонем истиқлоли худро таҳким бахшем ва наслҳои ояндаро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории расонаҳо бо мутахассисони соҳаи фарҳанг ва таърих метавонад ба ин раванд таъсири мусбат расонад. Инчунин, таблиғи муҳтавои ватандӯстона ва маърифатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.
Эҳсони Ризо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ин маврид зикр мекунад: ”Технологияи муосир, аз ҷумла интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ташаккули тарбияи миллӣ нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо имконият медиҳанд, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар байни насли наврас таблиғ ва густариш дода шаванд. Тавассути платформаҳои рақамӣ метавон таъриху фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллиро ба таври ҷолиб муаррифӣ намуда, ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстиро дар ҷомеа таҳким бахшид. Истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба насли ҷавон кумак мекунад, то аз иттилооти ғалат ва таъсири манфии беруна эмин монда, руҳияи миллӣ ва ахлоқи солимро ҳифз намоянд”.
Албатта, бо истифодаи дурусти дастовардҳои замони муосир метавон дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва масъулият дар назди миллатро бедор намоем, ки ин пешрафти давлат ва бақои миллатро таъмин мекунад. Раванди тарбияи миллӣ бояд пайваста рушд ёбад. Бояд ба ғояҳои истиқлолият, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ арҷ гузошт.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”