15-уми марти соли равон Тоҷикистон садсолагии нахустрӯзномаи хеш – “Ҷумҳурият”-ро таҷлил менамояд.
Тули умри худ рӯзнома, ки устод Садриддин Айнӣ онро модари матбуоти Тоҷикистон ном бурдааст, якҷо бо кишвар солҳои 30-юми асри гузашта пушти сар кард, замони мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро дар паҳлуи халқ гузаронд, баъдтар, шоҳиди даврони рукуд, бозсозӣ, пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ гашт ва ниҳоят 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро пешвоз гирифт. Ва ҳамагӣ баъди даҳ рӯзи соҳибистиқлолӣ, аз “Тоҷикистони шуравӣ” ба “Ҷумҳурият” табдили ном кард.
Қобили зикри хос аст, ки “Ҷумҳурият” дар даврони шуравӣ, агарчи аз Москва мекӯшиданд онро дар доираи танги ғояҳои раднашаванда нигоҳ доранд, ҳамеша ба ҳамаи ҳаводиси муҳимтарини Тоҷикистону ҷаҳон вокуниш нишон медод, арзишҳои умумибашарӣ ва анъанаҳои миллиро таблиғ менамуд, аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дифоъ мекард.
Рӯзнома дар инъикоси саривақтӣ ва коршиносонаи рӯйдодҳо, таҳлили масъалаҳои мубрами замон, баррасии мушкилоти рӯз, пешниҳоди тадбирҳои муассир, ки ба манфиати давлату миллат иртибот доштанд ва доранд, нақши муҳим бозидааст ва мебозад. Нашрия дар таъмини ҷомеа бо иттилооти сареҳу дақиқ, баландбардории сатҳи саводнокиву огоҳии мардум, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат намудааст.
Фикр мекунам, арзиши аслии “Ҷумҳурият” ин аст, ки тавонист дар ҳақиқат рӯзномаи мардумӣ шавад. Нашрия пули тиллоие байни Ҳукумат ва мардум буд ва, ҳамчунон, боқӣ мондааст. Аз ин ҷост, ки садсолагии “Ҷумҳурият” на танҳо ҷашни ҳайати кормандони он, балки ҷашни тамоми матбуоти тоҷик ва давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мусаллам аст, ки барои расидан ба ин нуфузу мартаба рӯзнома чандин давраҳои таърихиро тай намуд, бисёр сардабиронро дид, вале дар ҳар давру замон чун имрӯз ҳомии давлату миллат боқӣ монд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба рӯзнома ва кормандони он болу пар бахшид. Марҳалаи наву муҳимтаре барои кору эҷод оғоз ёфт, вале низои шаҳрвандӣ, ки кишварро гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ намуда буд, ба фаъолияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ таъсири ногувор расонд. Ҳатто, кор ба дараҷае расид, ки рӯзнома дар давраи солҳои 1992-1995 баъзан моҳҳо рӯи чопро намедид.
Ниҳоят охири соли 1995 “Ҷумҳурият” дигарбора мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррири рӯзнома таъин гашт. Чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд: аввалҳо, ҳафтае як шумора, баъдтар, ду шумора. Ҳатто, бо ҳамин миқдори шумора ва адади нашри хеле кам ҳам “Ҷумҳурият” саҳмашро дар таблиғу татбиқи пешбурди сиёсати Ҳукумати мамлакат мегузошт ва 14-уми марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Он замон масъулияташ дучанд гардид. Дар он шабу рӯзҳои барои давлату миллат сангин роҳнамо ва машъалафрӯзи роҳи эъмори давлати соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ гашт. Нахустнашрияи мамлакат батадриҷ маҳбубияти қаблиашро дар ҷомеаи кишвар пойбарҷо намуд.
Дар ин кори бузург шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ саҳми қобили таваҷҷуҳ гирифтаанд. Ҳарчанд устод аз ғояти хоксорӣ мегуфтаанд, ки ман танҳо супоришҳои роҳбарияти худро иҷро кардаам, дар асл, бе истеъдоди созмондиҳӣ, покизакорӣ, устуворӣ ва таҷрибаи фаровони журналистиву роҳбарии ӯ корҳо метавонистанд сурати комилан дигаре ба худ бигиранд. Оид ба ин хидмати бузурги устод Ёдгорӣ журналистон Камоли Қурбонийон ва Абдулқодири Раҳим матлабҳои таҳлилии хотирмон навиштаанд.
Ин ҷо даврони сармуҳарририи Камол Абдураҳимовро низ мебояд махсус таъкид кард. Дар он солҳо (2005-2012), на танҳо вазъи техникии рӯзнома беҳ гардид, балки худи рӯзнома «ба минбари ҳақиқии худогоҳиву худбоварии миллӣ» табдил ёфт.
Пас аз сардабирии Камол Абдураҳимов ин масъулият бар дӯши Муҳаммад Ғоиб, шоири саршинос, вогузор шуд. Ин солҳоро метавон даврони эҳёи мақолаҳои публитсистӣ, очерк, ҳикоя ва лавҳа номид. Муҳаммад Ғоиб дар баробари рӯзноманигорони ҳирфавӣ, майдони фаъолиятро барои ҷавонон фарох намуд. Ҳамчун роҳбари серталаб боиси ташаккули малакаи рӯзноманигорони ҷавон гардид. Ғайр аз ин, маҳз дар даврони сармуҳарририи Муҳаммад Ғоиб чопи рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба ба роҳ монда шуд.
Имрӯз ҳам дар саҳифаҳои нашрия рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишии Тоҷикистону ҷаҳон сари вақт дарҷ мегарданд, масъалаҳои доғи рӯз мавриди таҳлил қарор мегиранд ва аз саҳифаҳо, мешавад гуфт, садои дар бойгониҳо пинҳонмондаи таърих шунида мешавад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, пеш аз ҳама, фаъолияти муассисони худ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакатро пурра ва сари вақт инъикос менамояд, ваҳдати миллӣ, амнияти давлат ва рушду равнақи ҷомеаи кишварро тарғиб мекунад.
Ҳамзамон, “Ҷумҳурият” дар густариши ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллӣ, таърих ва арзишҳои маънавӣ, пешрафти адабиёту фарҳанг, илму маорифи тоҷик ва дигар соҳаҳои барои иқтисодиёт муҳим, саҳми шоиста мегирад.
Бар илова, “Ҷумҳурият” ҳамвора омода аст, ки ҳама гуна таҳрифкориҳо ва дурӯғпароканиҳои матбуоти дохиливу хориҷиро дар мавриди воқеоти Тоҷикистон нақше бар об созад.
Имрӯзҳо Нашрияи расмии Тоҷикистон ҳафтае панҷ бор бо теъдоди беш аз 50 000 нусха ба табъ мерасад. Яъне, тайи даҳ соли охир (соли 2015-ум 31 565 нусха будааст) адади нашри рӯзнома бо талошҳои хастагинопазири устод Қурбоналӣ Раҳмонзода наздики 20 ҳазор нусха афзудааст. То 7-уми марти соли равон шумораи 50 (25 165)-уми “Ҷумҳурият” ба дасти хонандагон расидааст, ки миёни нашрияҳои чопии Тоҷикистон рекорди мутлақ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки “Ҷумҳурият” нишон дод, ки бо вуҷуди афзоиши рӯзафзуни шиддати рақобат бо интернет - платформаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир сухани чопӣ арзишманду муҳим боқӣ мондааст. Маҳз сухани чопӣ – рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо саводнокии иттилоотӣ, бомаърифатӣ ва фарҳанги умумии аҳолиро шакл мебахшад. Бо вуҷуди ин, кормандони рӯзнома тақозои замонро ба назар гирифта, шакли электронии “Ҷумҳурият”-ро ҳам пешкаши ҳаводоронаш намудаанд. Гузашта аз ин, дар идораи рӯзнома бо ибтикори роҳбарият шуъбаи махсуси кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис ёфт. Айни ҳол шумораҳои рӯзнома дар шабакаҳое чун Ютуб, Фейсбук, Инстаграм, Телеграм интишор гашта, ҳаводоронаш дар фазои интернетӣ беш аз пеш меафзоянд.
Дар идораи рӯзнома собиқадороне, чун Қурбон Мадалиев ва Абдулқодири Раҳим, заҳмат мекашанд, ки соҳиби мукофотҳои давлативу соҳавӣ мебошанд. Солҳои охир даҳҳо ҷавони соҳибистеъдод ба ин тими мафкурасоз пайвастаанд. Ин пайванди наслҳо ба рангину замонавитар гаштани рӯзнома мусоидат намудааст.
Идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои оянда нақшаҳову афкори зиёди эҷодӣ дорад. Барои мо хеле муҳим аст, ки дар фаъолияти ояндаамон ба пойдевори мустаҳками таърихии нашрия такя кунем, зеро гузаштаи ғаниву пурмазмун, ба монанди решаҳои пурқуввати дарахти азим, бузургсолтарин нашрияи Тоҷикистонро боэътимод нигоҳ медорад ва ба он ғизои маънавӣ мебахшад
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”