10-уми март дар шаҳри Норак раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок кард.
Мақсад аз ин иқдом амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри табдил додани диёри азизамон ба кишвари сабз ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки дар тамоми гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.
Дар ин маърака наздики 1000 бех ниҳоли арча шинонда шуд. Умуман, аз аввали мавсим дар талу теппаҳо ва дохили шаҳри Норак 19000 дарахти гуногуни ороишӣ шинонда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонда шудааст, ки 125 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2023 таҳти рақами 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинондани 65 миллион дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
НОҲИЯИ СИНО. АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино масъулон иштирокчиёни ҶБВ-ро аёдат карданд.
Таъкид шуд, ки анҷоми чунин амалҳои хайр қадрдонии хизмати онҳо дар муҳофизати Ватан-Модар мебошад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони барӯманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегардад.
Ин аст, ки дар ҳошияи ин тадбирҳо намояндагони МИМҲД-и ноҳияи Сино дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Зимнан таъкид шуд, ки хизматҳои ин фарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва пайкори онҳо барои насли наврас мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад.
Дар ҷараёни боздиди намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо Бозор Нағзибеков, Билол Сафаров ва Маҳмудахон Баҳриддинова суҳбату мулоқот гузаронда, ба онҳо кумакҳои зарурӣ расонда шуданд.
Иштирокчиёни ҶБВ ҳам дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста миннатдорӣ баён намуданд.
Л. ШАРИФЗОДА,
рӯзноманигор