13-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши (Парлумони) ин кишвар Нурланбек Шакиев мулоқот карданд.
Сарвари давлати мо нақши мақомоти қонунгузорро дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон такони иловагӣ бахшад.
Бо қаноатмандӣ ҳамкории созандаи ду кишвар дар доираи гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавии парлумонӣ қайд карда шуд.
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН
13-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ гардиданд.
Доир ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва сармоягузорӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат, ташкили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар миёни минтақаҳо, бахусус маҳалҳои наздисарҳадӣ, зоҳир гардид. Ба мавзуи барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоии мусофиркашонӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд.
Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, аз масъалаҳои дигари суҳбат буд.