Ба иттилои хабарнигори “Ҷумҳурият” Фирӯз Ҷумъазода, ки дар ҳайати аввалин парвозкунандагон дар масири Душанбе – Бишкек пас аз дубора эҳё шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ин масир нахустин парвозро анҷом дод.
Оғози парвозҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва боз гардидани роҳҳои заминӣ, ки дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар иттифоқ афтод, сурат гирифта, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва рушди гардишгарӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре интизор меравад, шуруъ аз 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе дар ин масир анҷом дода мешаванд. Дар оянда ҳафтае ду маротиба ба роҳ мондани парвозҳо дар назар аст.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”