Ҳарчанд муҳит, давр ҳамсангари мо набуд, бузургони миллат Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум медонистанд, ки барои миллат оинаи софу холису шаффоф, орӣ аз ғубори сиёсӣ зарур аст. Нашрияе, ки набзу нафаси таърих, ормонҳои миллиро дар доираи реализм сабту инъикос намояд.
Замон, муҳит тақозо мекард, ки бояд дар фазои тирагии маънавиёт, муборизаҳои давлатсозӣ, ҷунбишҳои унсурҳои динӣ, шовинистӣ нашрияи “Бедории тоҷик” аз Хуҷанд то Зарафшону Хатлону Бадахшон аз дохундаҳо ва арбобкамолҳо зиёиёни нави ҷасуру ватанпарастро тарбия кунад.
Дар чунин як шароити вазнин ва бо вуҷуди танқисии техникӣ, кадрӣ нашрия дар чор ҷабҳа парчами таблиғро боло бардошт. Ҷабҳаи аввал, ин муаррифии ҷумҳурии навтаъсис, ҷалби зиёиёну мутахассисон ба идоракунии давлат; ташкили истеҳсолот ва тақвияти иқтисод дар ду соли аввал хеле муассир пеш рафт. Ҷабҳаи дуюм, ин инқилоби маърифатии маҳви бесаводӣ буд. Рӯзнома соли 1926, аллакай, ба китоби дарсии таълимии саросарии хатту савод табдил ёфт. Ҷабҳаи сеюм, нисбатан хавфовар ва мушкил буд. Бояд расму ойини нави сотсиалистӣ, мубориза бо хурофот, баробарии гендерӣ, бедории занону духтарон ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлат дар ҳамаи зинаҳо, зарба ба миллатгароӣ васеъ инъикос мегардид. Дар ин самт танҳо бо қалам мубориза кофӣ набуд, ҷунбиши босмачигарӣ, руҳониёни ҷоҳил тиру шамшерро тақозо мекард. Ва ниҳоят ҷабҳаи чорум, рушди адбиёти шаклан дунявӣ ва мазмунан миллии тоҷик ба ташаккули маънавиёт, тақвияти ормонҳои миллӣ, тарбияи маънавии омма муҳтавои ҳаррӯзаи нашрия гардид. Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, чун мубаллиғи он зиёиён, махсусан адибонро ба имдоди нашрия сафарбар мекард.
Ин буд, ки нашрия, аллакай, дар ибтидои солҳои сиюми асри ХХ ба мактаби тарбия ва ташаккули касбии журналистони тоҷик табдил ёфт.
Таърихи навину даврони ташаккули «Ҷумҳурият» соли 1995 баъди гирифтани мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуоти касбӣ, соҳавӣ ва хусусии кишварро пули робитаи давлату омма маҳсуб дониста, барои рушди он заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ муҳайё намуданд. Рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро касе, созмоне рӯзномаи рақами якум эълон накардааст. Онро сухани беғараз, муҳтавои фазилатомӯз, андешаҳои дунявии ормонсоз, мактаби тавонои касбии журналистика сазовори ин мартаба намудааст. Имрӯз набояд аз хидматҳои шоёни таърихии нашрия дар тақвияти истиқлоли давлатӣ, коҳиши тарғиботи сиёҳи зидди музаффариятҳои Тоҷикистон, мубориза бо тундгароӣ ва терроризм фаромӯш кунем.
Дар поёни андешаҳоям ба ҳайси хонанда ва шогирди мактаби “Ҷумҳурият” як нуктаи дигари муҳимро ишора карданиям. То соли 1990 сарварии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ҳама вақт сармуҳаррирони “Ҷумҳурият” иҷро мекарданд. Аз ин лиҳоз, нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамзамон таърихи зиндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ мебошад.
Арзиши нашрия, созмон ё иттиҳодияҳои эҷодиро аз рӯи тақвими солгард маълум намудан хатост. Қимати “Ҷумҳурият” ин таъсиси кӯраи тавонои касбии журналистикаи тоҷик, мактаби тарбияи кадрҳои журналистӣ эътироф шудани он ва дар шароити имрӯзаи душвори рақобатпазирӣ ҳамчун нашрияи миллӣ боқӣ мондан ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ мебошад.
Ҷашн муборак бод, ҳамкасбони азиз!
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филология