Ба андешаи антропологи фаронсавӣ Густав Лебон: «Он чи, ки дар таърихи халқҳо муҳим аст ва ба сарнавишти онҳо таъсири амиқ мерасонад, на инқилобҳо ва на ҷангҳост, ки осори харобаҳои онҳо зуд бартараф карда мешаванд, балки тағйирот дар идеяҳои асосӣ мебошад». Дарвоқеъ, идеяҳо омили асосии ватанпарастӣ, нангу номуси миллӣ, сарҷамъию ваҳдат, бедорӣ ва ҳувияту хештаншиносӣ буда, миллатҳоро ба самти муайяни рушд раҳнамун месозанд. Шахсиятҳои барҷастаи башар барои миллатҳои худ идеяҳои пешқадамро тавлид сохтаанд, ки дар таърихи навини тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин чеҳраҳои мондагор мебошанд.
Таҳкими истиқлоли сиёсӣ, арзишҳои дунявият, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои бақодории мамлакат, ҳимояи марзу бум, пойдор гардондани сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ барин масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки дар маҷмуъ барои ташаккули имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоваранд, бевосита ба самаранокии фаъолияти Пешвои муаззами миллат дар самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ тавъаму мутаносиб мебошад.
Мавқеи Пешвои миллат ҳамчун шахсияти бузурги сатҳи байналмилалӣ дар равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа нақши марказиро ишғол намуда, дар симои ин фарзанди фарзона чеҳраи байналмилалии давлату миллат таҷассум меёбад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари хирадманд, дар фаъолиятҳои гуногунҷанбаи худ заминаҳои бунёдии имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун такягоҳи рушди устувори ҷомеа тақвият бахшиданд.
Дар заминаи инкишофи ҷомеа, аввалан, эҳё ва, сипас, марҳала ба марҳала боло рафтани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти маҳбуби мо дар сангинтарин марҳалаи таърихӣ ҷасорат ва шуҷоатмандии сиёсӣ нишон дода, тавассути дар фазои кишвар ба миён овардани тавозуни манофеи абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро аз вартаи фано наҷот доданд ва дар сатҳи чаҳонӣ ба таври мусбат муаррифӣ сохтанд.
Агар дар натиҷаи ҳодисаҳои солҳои 90-ум хоинону ноошноёни миллат тавассути пуштибонии доираҳои манфиатдор суботи кишварро халалдор сохта, инкишофи муносибатҳои миллиро ба буҳрон дучор сохта бошанд ҳам, аммо ба ҳадафи ниҳоии худ, ки аз байн бурдани низоми давлатдории дунявӣ буд, нарасиданд.
Ба саҳнаи сиёсат ворид гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стратегияи бори дигар пароканда намудани давлату миллати тоҷикро дарҳам шикаст ва ормонҳои душманони таърихии мо-тоҷикон ва сиёсати душманонаи доираҳои дигари тоҷикситезро ба гирдоби фано бурд. Сарвари давлат захми амиқи таърихиеро, ки душманони Ватану миллат бар пайкараи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар ворид намуда буданд, муолиҷа карданд, ки барои наслҳои оянда намунаи барҷастаи нангу номус ва ғурури миллӣ хоҳад буд.
Пешвои миллат ҳаёти хешро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ бахшида, бо мақсади ба марҳалаи сифатан нави рушду инкишоф ворид намудани кишвар лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва иқтисодию фарҳангиро амалӣ намуда истодаанд.
Дар раванди эҳёи имиҷи байналмилалии Тоҷикистон таъсири омилҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро дар фаъолияти Пешвои миллат мушоҳида намудан мумкин аст.
Дар доираи омилҳои миллӣ метавон хизматҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини ҳузури сиёсии фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон, амнияти ҳарбӣ ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ, барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, сохти конститутсионӣ, инкишофи муносибатҳои миллӣ ва рушди иқтисодию саноатиро арзёбӣ намуд.
Ба омилҳои минтақавӣ бошад, фаъолияти сулҳофарии Пешвои миллат ва аҳамияти минтақавии он дохил мешавад, зеро сулҳи тоҷикон интиқоли тарҳи нооромиҳо ба кишварҳои дигари Осиёи Марказиро пешгирӣ намуд.
Дар доираи омилҳои байналмилалӣ бошад, иқдомҳои ташаббускоронаи кишварро метавон далел овард. То имрӯз панҷ ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки дар баланд бардоштани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Дар навбати худ, рушди соҳаи гидроэнергетика, саноатикунонии босуръати кишвар, эҳёи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар арзишҳои бостонии ориёӣ барои ташаккули имиҷи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Хусусан, бо талошҳои Пешвои миллат таҷлили ҳамасолаи Наврӯзи байналмилалӣ боиси боло рафтани имиҷи фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун омили «неруи нарм» дар ҳавзаи кишварҳои тамаддуни Наврӯз гардидааст.
Ҳамин тариқ, дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ идеяҳои пешқадами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин сарвату сармояи кишвар ба ҳисоб рафта, дар фаъолияти сиёсию дипломатиашон эътибори ҷаҳонии давлату миллати тоҷик нуҳуфта аст.
Исроил БАРОТОВ, аспиранти АМИТ