Ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат меафрозанду намои шаҳрро зеботар мегардонанд. Инчунин, дар баробари бунёди корхонаҳои саноативу иншооти таъиноти гуногун, ба ҳалли мушкилоти сокинон низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Чуноне имрӯзҳо васлу насби хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Бедак, ки сокинонаш солҳо аз норасоии об танқисӣ мекашиданд, идома дорад.
ДЕҲОТ
Ҷавонон созандагиро пеша кардаанд
Хушоянд аст, ки дар баробари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷавонони бонангу номус дар ободии деҳу маҳали зисти худ саҳм мегиранд. Аз ҷумла, дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ онҳо иқдом гирифтаанд майдони Парчами давлатиро бунёд намоянд. Ҳамзамон, баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби ҷавонон бунёди маҷмааи варзишӣ идома дорад.
Аз ҷониби соҳибкор Ислом Имомов бошад, дар деҳа маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ бо сардхона ва толори баргузории маъракаҳо қомат меафрозад.
Коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд мешавад
Соҳибкор Фариз Камолов ва бародаронаш тасмим гирифтаанд дар соҳили рӯди Зарафшон, дар деҳоти Сӯҷина нахустин коргоҳи истеҳсоли шиферро дар шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Таҷҳизоти лозимӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фармоиш шуда, масъалаи таъмини корхона бо маҳсулоти хом низ ҳалли худро ёфтааст.
Дар назар аст, коргоҳи мазкур нимсолаи аввали соли равон ба фаъолият пардохта, 25 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд. Дар як баст коргоҳ то 5 ҳазор дона шифер истеҳсол мекунад.
Мактабҳои наву замонавӣ қомат меафрозанд
Дар радифи дигар шаҳру навоҳии мамлакат, дар шаҳри Панҷакент низ ба бунёди иншооти соҳаи маориф аҳамияти махсус равона гардидааст. Чанде пеш раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи навбунёди Хушдараи деҳоти Шинг санги асос гузошт. Он бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети вилоят сохта шуда, барои 480 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот 12 синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ дорад.
Дар деҳоти Косатарош низ сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Бо ташаббуси соҳибкорон ва волидон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 панҷ синфхонаи иловагӣ бунёд мешавад. Айни замон девори синфхонаҳо бардошта шуда, бо мусоид гаштани ҳаво бомпӯш мегардад. Дар деҳаи Чорбоғ ҳам соҳибкорону сокинон тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ муассисаи таълимӣ бисозанд.
Бояд зикр кард, ки дар мактабсозӣ иқдоми сокинони шаҳр қобили пайравист. Бо ҷалби онҳо дар деҳаи Косатарош Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 қомат афрохт, ки 700 хонандаро дар ду баст ба таҳсил фаро мегирад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»