Бо расидани насими тозаи истиқлол рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ ва сол ба сол дар Тоҷикистони озоди мо тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ мениҳанд. Дар заводу фабрикаҳо, корхонаву муассисаҳо, матбааву нашриётҳо техникаву технологияи нав насб мегарданд. Коргоҳҳои наву муосир ба фаъолият мепардозанд.
Ин ҳама навовариву субот маҳз тавассути заҳматҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Умед аст, ки боз ҳам сокинони кишвар, аз хурд то бузург, дар фазои амну осоиш бо заҳматписандӣ рӯзгори шоиста ба сар хоҳанд бурд. Тули сию се соли соҳибистиқлолӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт коргарону мутахассисон, деҳқонону саноатчиён ва амсоли инҳо бо меҳнати шоиста дар иҷрои нақшаву супоришҳо саҳми назаррас мегиранд...
Дар рӯзи матбуотчиён зарур шумурдем, то порае чанд аз рӯзгори мутахассиси варзидаи соҳаи полиграфияи мамлакат, собиқ корманди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” Вафобек Гулбердиевро рӯи авроқ орем. Мавсуф 13 сол дар давраи советӣ, 27 сол дар замони истиқлол ва дар маҷмуъ, 40 сол дар соҳаи полиграфияи кишвар содиқона хизмат ба ҷо овардааст...
ВАФОБЕК
Мавсуф 20-уми ноябри соли 1956 дар деҳкадаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1974 пас аз хатми Мактаби миёнаи №28-уми зодбум ба хизмати аскарӣ рафта, солҳои 1975-1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон адои хизмат менамояд.
Сар аз соли 1978 дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ихтиёр мекунад. Баробари таҳсил дар Техникуми индустриалии Душанбе (1978-1980), аз соли якуми хониш (1978), дар Комбинати полиграфии Душанбе шабона низ кор мекунад.
КОМБИНАТИ ПОЛИГРАФӢ
Соли 1980, пас аз хатми Техникум, Вафобек Гулбердиевро бо роҳхат ба Комбинати полиграфии Душанбе раҳнамун месозанд ва ӯ то соли 1986 аз коргари одӣ то ба вазифаи сардори сехи чопи офсет месабзад.
Ҳамин тавр, ӯ аз мутахассисони варзидаи соҳаи полиграфияи ҷумҳурӣ сабақ мегирад. Вафобек ҳар замон аз устодони хеш, бахусус аз собиқадори полиграфия, мутахассиси дараҷаи олии соҳа, хатмкардаи Институти полиграфии Москва Абдураҳим Собирзода, ёд меовард. Ӯ ҷамъулҷамъ сездаҳ соли ҳаёти хешро дар Комбинати полиграфии Душанбе гузарондааст...
НАШРИЁТИ КМ ПК ТОҶИКИСТОН
Соли 1986 дар шаҳри Душанбе чопхонаи наву замонавӣ бо номи Нашриёти КМ ПК Тоҷикистон (ҳозира КТН “Шарқи озод”) ба фаъолият пардохт.
Вафобек Гулбердиев низ дар қатори аввалин мутахассисони корозмуда бо даъвати роҳбарияти нашриёти нав соли 1986 ба кор омад. Ӯро ҳамчун усто (мастер)-и калони сехи чопи рӯзномаҳо ба кор гирифтанд ва ӯ то соли 2019 дар ин даргоҳ меҳнати софдилона ба ҷо овард. Тули сию се соли фаъолият ӯро ҳамчун мутахассиси кордон, сардори сех – роҳбари масъулиятшиноси соҳа, эътироф карданд. Тули солҳои 1999-2019 мавсуф дар вазифаҳои сардори сехи чопи рӯзномаҳо ва сехи чопи офсети нашриёти мазкур пурсамар фаъолият намуд.
Хизмати шоёни Вафобек Гулбердиев бо нишони Фаъоли рӯзномаи “Правда” (1987) ва нишонҳои Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст.
ОШНОӢ
Бори аввал Вафобекро соли 1986, ҳини таҷрибаомӯзӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), дар сехи чопи рӯзномаҳои нашриёт вохӯрда будам. Агар панҷ соли аввал ва се соли дигарро ихтисор кунем, ман бо Вафобек 30 сол боз ошно ҳастам.
Ӯро бисёриҳо – ноширону мутахассисони соҳаи кишвар, ҳамчун сардори сехи чопи рӯзномаҳои нашриёти “Шарқи озод” мешиносанд. Ҳангоми фаъолияти якҷоя дар нашриёт ӯро ҳамчун устои касби хеш шинохтам. Воқеан, дар ошёни ноширони ватанӣ Вафобек аз зумраи мутахассисони варзидаи соҳаи полиграфия маҳсуб меёбад.
МАСЪУЛИЯТШИНОС
Надидаам, ки ӯ боре ҳам дар таъмиру тармими мошинҳои чопӣ ноумед бошад ва аз камомаде забон ба шикоят бикушояд. Вафобек ҳамчун роҳбари масъулиятшинос рӯзҳову шабон, дар гармову сармо нақшаи кории хешро ба сомон мерасонд.
Дар чопхонаву нашриётҳо устои танзимгар нафари бас зарурӣ ва бологузар аст ва аз зумраи камёфттаринҳост. Хушбахтона, Вафобек, дар танзими дастгоҳҳои чопии истеҳсоли Олмон (аз садаи XX) низ, дасти расо дошт ва андак-мандак таъмири мошини чопиро худ бартараф мекард, ки ин бурди асосии сардори сех мебошад.
Боре ҳам нашуда, ки ӯ супоришеро ба таъхир андохтаву аз иҷрояш сар печида бошад. Мудом то як поси шаб бо чопгаронаш дар вақти муқаррарӣ рӯзномаҳоро ба чоп мерасонд.
РОҲБАР
Вафобек бо ҳайати кормандонаш як дастаи тифоқро мемонд. Шахси ношинос бо як дидан ӯро аз чопгари одӣ фарқ намекард. Вай бо кулли чопгарон, танзимгарон, аҳли кормандони нашриёт муносибати хуб дошт ва ҳурмати коргарро дар сатҳи аввал медонист.
Аҳли коргарон сехи чопи рӯзномаҳоро то ҳол ёд дорем. Чопгарону танзимгарони собиқадори соҳаи Нашриёти “Шарқи озод” Искандар Ёров, Шикорбек Шикорбеков, Пирмурод Назаров, Мухтор Сардоров, Аброр Бобоев, Қаҳҳор Санаев, Ношак Наврӯзов, Мирзо Ҳасанов ва даҳҳои дигар бо Вафобек дар даврони нобасомон ва вазнин дар кишвар паҳлу ба паҳлу заҳмат мекашиданд.
ЗАҲМАТПИСАНД
Имрӯз ҳам, бо гузашти шаш сол, пас аз ба нафақа рухсат шудан, Вафобек Гулбердиев аз даргоҳи ноширон дил канда наметавонад. Аз ин рӯст, ки ӯ бо идораи “Тоҷикматбуот” дар паҳн – сари вақт ба дасти хонанда расондани маҷаллаву рӯзномаҳо заҳмат ба бор дорад. Ӯ ҳамоно дигар нагашта; бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҷиддӣ пайи иҷрои корҳои вазифавии хеш меҳнат мекунад. Бо ҳамкорон, ноширон, ошноҳои дерин иртиботи ногусастанӣ дорад. Вафобек бо ҳазл мегӯяд, агар маро кобед, аз нашриёти “Шарқи озод” меёбед...
У. АЛӢ, публитсист