Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳарчанд кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии зуҳуроти номатлуби замон – терроризму экстремизм тадбирҳо меандешанд, вале хатари он беш аз беш авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад.
Гурӯҳҳои террорист бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба кирдорҳои гуногуни даҳшатбор, ба мисли қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зада, бо ин кирдорҳои ғайриинсонии хеш ҷомеаи ҷаҳонро ноором месозанд.
Мусаллам аст, ки барои мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм, дар навбати аввал, бояд заминаи ҳуқуқии муқовимат гузошта шавад. Дар ин сурат мубориза алайҳи ин зуҳуроти харобиовар муассиру нишонрас хоҳад буд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна зуҳуроти номатлуб сатҳи пасти худшиносию худогоҳӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, мебошад. Яке аз роҳҳои асосие, ки боиси ба гурӯҳҳои террористиву ҳаракатҳои тундгаро пайвастани ҷавонон гаштааст, ин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ваъда додани маблағҳои калон ба ҷавонон маҳсуб меёбад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони гумроҳ ба чунин ташвиқоти бепоя зуд дода мешаванд.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Дар чунин шароит бояд ҷавонон зиракиро аз даст надода, ҳамеша дар фикри ободу зебо гардондани Ватани худ бошанд ва аз чунин гурӯҳҳо худро эмин нигоҳ даранд.
Бояд гуфт, ки барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксар ташкилотҳои террористӣ аз эътиқоди динии шаҳрвандон суиистифода карда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд ва аз роҳи илму дониш мунҳариф месозанд. Ҳол он ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод мебошад.
Дар ин робита, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, 20-уми январи соли 2016 таъкид кардаанд: «Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти ишораҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати кишвар саҳмгузор бошанд. Ҳодисаҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Дарвеш ҚУРБОНОВ,
“Ҷумҳурият”