“Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тоҷикистон барҳақ диёри обҳои зулол, кишвари пешорӯйи Офтоб, макони чашмаю дарёҳои пок аст. Ин мулки афсонавӣ дар нимкураи шарқии кураи Замин воқеъ буда, 93 фоизи онро саросар кӯҳҳо фаро гирифтаанд ва ана ҳамин кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс, сарчашмаи захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла барфу пиряхҳо, манбаи бебаҳои об гаштаанд. Ҳангоме ки лозуркӯҳҳо об мешаванд ҷӯй ва кӯлу дарёҳо пуроб мегарданд. Кас ба манбаъҳои фаровони об, ки аз синаи кӯҳпораҳо ҷорӣ мегарданд, нигариста маънии мақоли «Об манбаи ҳаёт аст»-ро сарфаҳм меравад.
Ҷойи ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯйи захираҳои об дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷумҳурӣ 947 дарё ҷорист. Қариб шаш фоизи масоҳати кишварамонро пиряхҳо ташкил додаанд. Ҳамчунин, 1300 кӯл мавҷуд аст ва Тоҷикистон чун яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об мебошад. Маҳз бо ташаббусу кӯшишҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун диёри обҳои зулол шинохта шудааст. Сарвари давлат, ҳамчунин, ташаббускори таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд, зеро Тоҷикистони афсонавӣ дорои 14509 пиряхи хурду бузург аст. Аз ҷумла, ҳифзи пиряхҳои азими Федченко, Бовачий, Хирсон ва ғайра, қарзи муқаддаси имрӯзиён мебошад. Дар ин самт зарурати истифодаи оби поки кӯли Сарез ба миён омадааст. Ҳаҷми захираҳои обии ин кӯл зиёда аз 17 миллиард метри мукааб буда, онро метавон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолии минтақа истифода бурд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об, проблемаҳои экологии сайёра намудаанд. Ҳанӯз соли 2015-ум аз минбари СММ Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд:
«Ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерубахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест».
Барҳақ об неъмати бебаҳои табиати худододи кишвари офтобии мост. Шукр, ки Тоҷикистон дорои захираҳои калони обӣ, кӯлу дарё, чашмаҳои бешумори зулолу шаффоф буда, шуҳрати обҳои он то ба кишварҳои хориҷӣ паҳн шудааст.
Ҳоло қариб дар ҳар кӯчаю деҳа чашмаю қубурҳои обгузар бунёд шудаанду мардум оби тозаро нӯши ҷон мекунанд. Вале на дар ҳамаи шаҳру деҳот обро сарфакорона истифода мебаранд. Аксари оби дарёву каналҳои кишвар ҳолати ташвишовар доранд.
Баъзеҳо беинсофона чизе, ки рост ояд, ба об мепартоянд, лаби дарё мошин шуста, ба ҷӯй хокистару ахлот мерезанд. Беэътиноӣ нисбати об аст, ки имрӯз 1,2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон аз истеъмоли оби тоза тамоман маҳруманд. Чунончи, дар музофоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чоҳи оби нӯшоиро бинобар ифлосу заҳрнок шудан маҳкам карданд. Дар 773 деҳоти Венгрия об аз бисёрии заҳрхимикатҳо ба нӯшидан ношоям гаштааст. Набудани оби тозаи ошомиданӣ фоҷиаи одамист. Ин аз як тараф, ба кашондани оби ошомиданӣ сабаб шавад, аз тарафи дигар шумораи беморони сироятшуда торафт меафзояд. Масалан, дар яке аз шоҳроҳҳои Амрико 82 фоизи оби нӯшоиро аз дигар ҷо меоранд, ки хароҷоти он соле 3,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Гузаштагони мо низ ифлос шудани обро амали носавоб донистаанд, зеро об чун неъмати муқаддаси худодод бояд парастиш шавад ва нагузоранд, ки ифлос гардад.
Дар асри XXI, ки дар дунё масоили зиёди глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обхезию мушкили экологӣ ба вуқуъ омадааст, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Солҳои охир таъсири офатҳои табиӣ боз ҳам афзуда, захираҳои обии пиряхҳо торафт кам мегардад. Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон, имрӯз дар тамоми ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одам имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданиро надорад. Беш аз 7 миллион одам ҳар сол ба сабаби беморие, ки аз об гирифтор мешаванд, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора, 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 сол аст, ки ҳамасола бо ташаббусҳои наву арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ барномаҳои мукаммалу мушаххас пешниҳод месозанд. Маҳз бо ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" амалӣ гардидааст, зеро Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар ҳудуди кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд.
Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз минбари СММ суханронӣ карда, таъкид намуданд: “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”. Маҳз натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, қабул кард. Ин иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҳанӯз 23-юми апрели соли 2022 чунин таъкид намуданд: “Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худ-ро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад”.
Сарвари давлат, ҳамчунин, ташаббускори таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва, бешубҳа, пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об, проблемаҳои экологии сайёра мебошанд.
Маҷид САЛИМ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон