Ба ҳамагон маълум аст, ки талаботи асосӣ барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ин баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, донистани падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва давлатӣ барои ташаккули давлат ва ҳуқуқ, умуман, рушди босуботи фарҳанги ҳуқуқӣ амри зарурӣ мебошад. Хусусиятҳои хоси фарҳанги ҳуқуқии инсон ин сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо, донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар, риоя, иҷро ва истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба тақвияти донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзиши Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, мусоидат намуд.
Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар, махсусан ҷавонон, самти муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аз сиёсати ҳуқуқии давлат вобастагӣ дорад. Агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташаккул меёбад, зеро донистани қонунҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, давлатро ба қабул намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низоми қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад, ё ин ки баръакс сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқӣ боиси пайдоиши нофаҳмиҳо дар ҷомеа, поймолкунии ҳуқуқу манфиатҳои дигарон ва, пеш аз ҳама, афзоиши ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ мегардад.
Волоияти қонун, давлати ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси фарҳанги ҳуқуқӣ ташаккул меёбад ва тибқи муқаррароти моддаи яки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем.
Барои он, ки волоияти қонун, адолат, инсондӯстӣ, иҷрои бошууронаи вазифаҳои конститутсионии ҳар шахс дар назди давлат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд риоя гардад, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, бояд баланд бардошта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ҳамаи мо медонем, ки ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуда, дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллату давлат ба бор омаданд. Раҳоӣ аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд.
Хушбахтона, бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, фаъолияти пурмаҳсули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ марҳала ба марҳала ба қаламрави рушд расидем.
Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ, муқовимат бо экстремизму терроризм ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ин зуҳуроти манфӣ аз нигоҳи танқидӣ баҳогузорӣ мегарданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуда, иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Боварии комил дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дар ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ чун ҳарвақта таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат содиқ будани худро ба Ватан ва халқу миллат нишон дода, ҷиҳати амалӣ намудани ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона баромада, ҷиҳати баландбардории маърифати ҳуқуқӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу суботи комил саҳми арзандаи худро мегузоранд.
М. А. ЗИЁЗОДА,
прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2