Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Ғафуров – Булоқ – Пунгон ба масофаи 4,2 километр оғоз бахшида шуд.
Роҳ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш мешавад. Ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ, таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтор дар деҳот амалӣ мегардад. Мумфаршкунии роҳ, дар баробари осон кардани равуои сокинон, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа низ мусоидат менамояд. Барои анҷоми корҳо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат-2018” машғули коранд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
ҶДММ “ФОРТУНА ВА КОМПАНИЯ” БОҒИ НАВ БУНЁД МЕКУНАД
Боғдорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, барои таъмини рушди он аз тарафи давлату Ҳукумат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар заминаи дастгириҳои давлатӣ ҶДММ “Фортуна ва компания”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғи нав бунёд намуда, майдони умумии онро ба 34 гектар расондааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғи нав иштирок карда, бо умеди сарсабзӣ ва рушди соҳа ниҳоли зардолу шинонд. Тибқи маълумоти масъулон, дар майдони 6 гектар боғи зардолуи навъи “Присия” шинонда мешавад, ки аз ҳар гектар беш аз 400-сентнерӣ ҳосил ба даст овардан мумкин аст.
То ин замон, Ҷамъият дорои 24 гектар боғи зардолу, шафтолу, нок ва бодом буда, дарахтон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъунамои хуб доранд. Соли ҷорӣ Ҷамъият дар майдони беш аз 10 гектар боғи нав бунёд кард. Бояд гуфт, ки беҳтарин навъҳои дарахтони мевадиҳанда аз хориҷи кишвар ворид шудаанд. Меваҳои боғ, асосан, барои содирот нигаронда шуда, бо ҳосилнокии баландашон фарқ мекунанд. ҶДММ “Фортуна ва компания” нақша дорад, ки бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ майдони боғро боз ҳам васеъ ва таҷрибаҳои пешрафтаро дар амал ҷорӣ намояд.
Раиси вилоят ба фаъолияти боғпарварон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор кард, ки таҷрибаи пешқадами Ҷамъият дар дигар шаҳру навоҳии вилоят татбиқ шавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»