Дар яке аз намоишҳои телевизионии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода, ёдаш ба хайр, лаҳзаеро мебинем, ки бо вуҷуди ҳазлу ҳаҷве будан, инчунин, бори гарони муамморо мекашад. Дар он падар рӯзномаи дарсии писарашро санҷида, мегӯяд: «Математика «2», Забони русӣ «2», Физика «2», суруд бошад, «5». Боз ту бо ин қадар баҳои «2» суруд ҳам мехонӣ?!»
КӮДАКОНИ ДИЛСАРД АЗ СУРУДУ МУСИҚӢ
Дар навор баробари накуҳиши нодонӣ, ҳамзамон, аҳамияти кам доштани фанни мусиқӣ барои хонанда аён мешавад, ки реша ба воқеияти талхи имрӯзи мо дорад. Ин аст, ки аксари падару модарон, ҳатто омӯзгорон дар муҳити муассисаҳои таълимӣ фанҳоеро, ба монанди «Санъати тасвирӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Таълими меҳнат», «Суруд ва мусиқӣ», соати тарбиявиро бисёр камнуру камранг ё гоҳо фан намеҳисобанд. Дар муҳити хонавода бошад, фарзанд аз ин фанҳо баҳои хубу аъло гирад, механдему мегӯем: «Ҳамин ҳам ҷои таъриф дорад? Аз ин фанҳо ҳама баҳои аъло гирифтанаш мумкин, ту зӯр бошӣ, аз риёзӣ, забонҳои англисиву русӣ баҳои «5» гир!»
Кор ба ҷое мерасад, ки кӯдакони мо аз ин фанҳо дилсард шуда, дубора пурсед, чизе намегӯянд. Ин дар ҳолест, ки маҳз фанҳои зикршуда инсон месозанд ва барои руҳу ҷисм ва мағзи атфол мисли обу ҳаво заруранд. Мутахассисони байналмилалӣ ҷилд-ҷилд китобу дастурҳо ва барномаву лоиҳаҳои фарогирро дар мавриди рушди ҷисмониву ақлонӣ ва инкишофи тахайюлу тасаввури кӯдакон таҳия мекунанд, ки асоси онҳо тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, таълими ҳунар, бавижа суруду мусиқӣ аст.
ПОЙДЕВОРИ САВОДИ МУСИҚӢ НЕСТ
Дар ин бора андешаҳои профессор Ҷӯрахон Обидпур, мусиқишинос, муаллифи 30 китобу дастури таълимии мусиқӣ, бисёр ҷолиб аст. Ӯ, ки шуруъ аз соли 1969 бо пажӯҳиши таълими мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ машғул аст, мегӯяд: «Мо на китобу дастуре барои кӯдакони синни томактабӣ, на методологияи дурусти таълим барои хонандагони синфҳои 1-4 дорем. Вазорати маориф ва илм таъмин будани муассисаҳои таълимиро бо созҳои мусиқӣ ва мутахассисон боре ҳам насанҷидааст. Дар боғчаҳо кӯдакон сурудҳоеро месароянд, ки ба неруи овоӣ ва садопардаҳои онҳо ҳеҷ мувофиқ нест. Дар илми мусиқӣ ва тиб мумкин нест, ки тифли 3 – 6- сола таронаҳои барои калонсолон пешбинишударо сарояд. Дар синфҳои ибтидоӣ дарси мазкурро ба уҳдаи роҳбари синф мегузоранд, ки ӯ аз саводи мусиқӣ фарсахҳо дур аст, аз нота, навозиши ин ё он сози мусиқӣ бӯе набурдааст. Ҳамин тавр, 4 сол тифлон бидуни раҳнамо месароянд, мерақсанд ва ба зинаи дигари таҳсилот – синфҳои 5-9 мегузаранд. Дар ин марҳила низ, аксар вақт мутахассис дарс намегузарад. Хонандае, ки алифбои фанро намедонад, чӣ гуна метавонад сарояд ё созеро навозад, кашишҳо ва зарбҳоро пай барад? Бо назардошти «фанни на он қадар муҳим» будан, соатҳои дарсиашро низ, ҳамчун сарборӣ ба дилхоҳ омӯзгор месупоранд ва дар ниҳояти кор хонанда бе донишҳои аввалияи мусиқӣ, суруд, навозиш ва сароиш мемонад».
ПАДАРУ МОДАР ҲАМ БЕТАРАФАНД
Чи тавре ки дар боло зикр кардем, дар қазияи дилсардии фарзандони мо аз суруд ва мусиқӣ ду омил ҳаст, яке Вазорати маориф ва илм, ки методи таълим ва омӯзиши онро дуруст ва ҷиддӣ ба роҳ намондааст, дувум, падару модар, ки оташи завқи нахустини мусиқиписандии атфолро бераҳмона хомӯш мекунанд, таронаеро замзама кунад, бо чӯб ба сатил занад ё табақеро ба сифати доираву таблак истифода барад, нешханд мезананд. Ин муносибати носазо рафта-рафта дар мағзи кӯдак тасаввуротеро пайдо мекунад, ки гӯё дар мактаб ин фанро танҳо барои расмиёт мегузаранд.
- Ҳамин раванди номатлуб то охири умр фарзандони моро пайгирӣ мекунад. Ман, ки дар Консерваторияи миллӣ дарс мегузарам, бо олами ботинии донишҷӯён низ, ошноям, медонам, ки аксари онҳо бо пофишорӣ ва кашмакашиҳо ба даргоҳи мусиқӣ омадаанд. Зеро, волидон ҳеҷ намехоҳанд, ки духтарону писаронашон «артист» шаванд. Ифодаҳои «артист шудааст», «ҳофизӣ ҳам касб будаст?», «дигар кор наёфтӣ?», «наход барои артистӣ ҳам одам институт хонад?»-ро зуд-зуд мешунавем. Ҳол он ки сарояндагӣ пешаи бисёр пурмасъулият ва мураккаб аст. Ин буд, ки имрӯз санъати мусиқии мо ҳирфаӣ нест ва дар чорабиниҳои сатҳи баланд чеҳраи наве мекобем, ки нотаро пурра донад, сарояд, ду-се асбоб навозад, ё худаш мустақилона оҳанг созад, - мегӯяд Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
МАКТАБ ВА КОЛЛЕҶҲОИ САНЪАТ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
Мактабҳои мусиқӣ, ки дар маркази аксари шаҳру навоҳии мамлакат амал мекунанд, ҳамеша ҷӯяндаву талабгори хонандаҳои боистеъдоданд. Маблағи моҳонаи онҳо ҳам бисёр ночиз аст ва дилхоҳ падару модар имкони бо омӯзиш фаро гирифтани фарзандонро доранд. Мутаассифона, аксар вақт, синфхонаи чунин марказҳо холӣ аз ҳавасмандону дӯстдорони санъат аст. Бо ин сабаб, дарсҳо низ бо дили хоҳам-нахоҳам мегузаранд. Созҳо, бахусус созҳои милливу хориҷии ин мактабҳо кайҳо корношоям ва фарсуда шудаанд. Бо ин ҳам, аз он ҷо истеъдодҳо кашф ва ҳатто ғолиби озмунҳои хориҷиву дохилӣ мешаванд.
– Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки чор сол боз мегузарад, собит намуд, ки дар деҳаву ноҳияҳои дурдасти мо истеъдодҳо зиёданд. Танҳо тарбият ва роҳнамоии онҳо кофист, то роҳ ёбанду истеъдодро бо малакаву маҳорат ва таҷриба созиш диҳанд. Ҳамчунин, бо такя ба таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием, ки дар интихоб ва пешбарии ҷавонону наврасон ба даврҳои дигари ин Озмуни бошукӯҳ эҳтиёткор бошанд. Онҳоеро интихоб намоянд, ки оянда санъати миллати моро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ карда, дар ҷодаи хеш собитқадам бошанд, - меафзояд Ҷӯрахон Обидпур.
Дар солҳои охир коллеҷҳои санъат фаъол шудаанд, ки ҷои хушнудист. Танҳо ҷоннок кардани раванди таълим ва таъмини онҳо бо адабиёти зарурӣ шарт аст. Дар ин росто, ёд кардан мебояд, ки адабиёти таълимии мо низ, куҳна шудааст ва характери миллии моро таҷассум намекунад.
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ЧӢ МЕГӮЯД?
То ҷое огоҳем, чандин китобҳои хубу хонданӣ дар мавриди фанни суруд ва мусиқӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илм чоп шудаанд. Ба аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрасанд, аммо раванди омӯзиши он сусту камранг сурат мегирад.
- Мо дар соли гузашта 12 дастури методӣ барои омӯзиши санъати мусиқӣ барои хонандагони синни томактабӣ таҳия ва чоп кардем. Чанде пеш ҳар яке 2700-нусхагӣ чоп шуда, ба тамоми муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ ройгон дастрас гардид. Ҳақиқат ин аст, ки таълими ин фанни инсонсозро ба таври муназзам ва қатъӣ назорат намебаранд. Ҳамеша аз фанҳои дигар санҷишу тестҳо гирифта шавад ҳам, аз ин дарс ҳеҷ пурсишу санҷише нест. Гӯё барои он ин фанҳо омӯзонда мешаванд, ки дар барномаи таълимӣ ҳастанд, на барои он ки аҳамияти милливу равонӣ доранд. Аз ҷумла, дар соли 2022 дар мавриди санҷиши ҷараёни таълими суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ ду маротиба ҷаласа доир шуд. Он ҷо масъалагузорӣ кардем, ки дар соли 2023 бо таъсиси як комиссияи муштарак ба санҷиш равем, то мусиқии касбии худро оянда бо мутахассисони баландпоя таъмин кунем, – гуфт Наҷмиддин Зайниддинзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорат.
Коршиносон ва мусиқидонони ботаҷриба пешниҳод мекунанд, ки нахуст бояд ин фанро мутахассисони соҳиби маълумоти олӣ дарс диҳанд, дувум, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омӯзгорон, бавижа падару модарон, бештар гузаронда шаванд, то андешаи нодуруст бартараф гардад, севум, дар шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаву моҳномаҳо аз ин масъала бештар нависанду гӯянд, чорум Вазорати маориф ва илм ҳар чи зудтар пайи санҷиши раванди таълим равад, то директорони муассисаҳои таълимӣ то чи ҳад фанни зарурӣ будани суруд ва мусиқиро дарк кунанд.
Аз ин ҳама гуфтугузори мутахассисон бармеояд, ки суруд ва мусиқӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ мехоҳанд. Набояд танҳо бо чопи дастурҳои методӣ, китобҳои фаннӣ маҳдуд шавем, балки амалан даст ба набзи омӯзиш дошта бошем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»