Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Рӯзи пойтахт таҷлил гардида, дар як қатор боғу майдонҳои шаҳр барномаю чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баҳри болидахотирии сокинони пойтахт баргузор мешавад. 15-уми апрели соли 2023 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Кохи "Суруш" чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" доир гашт. Сараввал, барнома аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оғоз гашта, меҳмонону ҳозиронро аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фарорасии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 15-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор гардид ва ғолибони он шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Эфиопия дар чорабинии мазкур бо ҷоизаву мукофотҳои пулӣ қадр шуданд. Инчунин, ба ғолибони озмунҳои соҳавӣ, аз ҷумла соҳаи маориф: "Мураббии сол-2022", "Омӯзгори сол-2022", "Хонандаи сол-2022", озмуни шаҳрии "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост, илм", аз рӯи номинатсияҳои барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, робототехника, сайёҳӣ – кишваршиносӣ ва табиатшиносӣ, озмуни шаҳрии "Забон донӣ – ҷаҳон донӣ", озмуни "Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе" дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, санъат, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ, озмуни "Стипендияи раиси шаҳри Душанбе" барои хонандагон, донишҷӯён ва унвонҷӯён, дар соҳаи тандурустӣ аз рӯи панҷ номинатсия: "Беморхонаи сол-2022", "Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол-2022", "Табиби оилавии сол-2022" ва "Корманди миёнаи тиббии сол-2022", ҳамчунин, "Китобхонаи беҳтарини сол-2022" аз рӯи номинатсияҳои китобхонаи оммавӣ, илмӣ-соҳавӣ, идоравӣ ва оилавӣ диплому мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд.
Дилшод Ниёзов донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таассуроти худро аз рафти чорабинӣ чунин иброз намуд:
– Хушбахтам, ки зодаи насли истиқлолам ва дар чунин кишвари ободу озод умр ба сар мебарам. Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо – ҷавонон таваҷҷуҳ ва дастгирӣ дар самтҳои гуногун равона гардида, баҳри муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии мо ҷаҳду талош меварзанд. Ман ҳамчун гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро ба раиси шаҳр ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки чунин шароити мусоид баҳри рушди илм ва маърифатнокии насли нав фароҳам овардаанд, мерасонам.
Донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилноза Ҳукматуллоева, барандаи озмуни "Ҷоизаи раиси шаҳр" аз рӯи номинатсияи рӯзноманигорӣ рафти чорабиниро ин гуна шарҳ дод:
– Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тамоми матлабҳои илмӣ-публитсистии худро, ки дар матбуоти даврии кишвар ба чоп расидаанд, пешниҳод намудам. Бо сабаби он ки дар соҳаи журналистика қадамҳои нахустин мегузорам, ба пирӯзӣ дар ин озмун бовар надоштам. Ҳангоме ки дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок менамудам, аз фазои дар онҷо ҳукмфармобуда, ки бениҳоят фараҳбахш буд, меболидам. Вақте ки шоҳиди комёбиҳои ҷавонони кишвар будам, маро ҳисси ифтихор фаро гирифт. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ миннатдорӣ баён менамоям, ки ба тамоми соҳаҳо, хусусан соҳаи рӯзноманигорӣ, таваҷҷуҳ дошта, мо ҷавонони навқаламро дастгирӣ мекунанд.
Фарҷоми чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бо гулчини таронаҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун ба охир расид.
Латифабону РУСТАМЗОДА,
"Ҷумҳурият"