Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар фестивал зикр шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, инчунин, аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 ҳунарманд фаъолият намуда, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат бархурдор мебошанд.
Фестивал барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо доир шуд. Инак, даври сеюми он ҷамъбаст шуд.
Дар даври ниҳоии он (аз рӯи 6 номинатсия) наздик ба 100 нафар ҳунармандон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Ғолибони даври ниҳоии Фестивал бо дипломи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 сарфароз гардонда шуда, бо туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Фестивал бо мақсади иҷрои “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ гардида буд, ба роҳ монда шуд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”