Баргашт Чоп кардан

БОНК. ТАҚВИЯТИ ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШД АСТ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ НИЗОМИ БОНКӢ

Бо амалӣ намудани ислоҳот дар соҳаи танзим ва назорати низоми бонкӣ солҳои охир дар низоми бонкдории кишвар тағйироти ҷиддии мусбат ба миён омад. Ин ислоҳот бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар низоми бонкӣ, таҳкими фаъолият ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи ислоҳоти густурда, андешидани тадбирҳои муҳим ва татбиқи технологияҳои муосир, рушди низоми бонкӣ таъмин гардид.
Зарурати ислоҳот замоне ба миён омад, ки соли 2015 бинобар таъсири омилҳои берунӣ ва ба миён омадани чолишҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон, низоми бонкии кишвар аз ҳисоби дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, номукаммалии низоми идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ набудани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунандаи бархе аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, таҳлилҳои зарурӣ зимни пешниҳоди қарзҳо, аз ҷумла ба шахсони вобаста ва дигар норасоиҳо осебпазир гардида, ба мушкилиҳои иқтисодӣ дучор шуд, ки ин омил ба ҳолати молиявии қисми зиёди ташкилотҳои қарзӣ таъсири манфӣ расонд. Дар натиҷа, саҳми низоми бонкӣ дар иқтисодиёт суст шуда, боварии аҳолӣ ба фаъолияти босуботи ташкилотҳои қарзӣ то андозае коста гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – БМТ) бо мақсади бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, барқарор кардани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, мутобиқ намудани танзиму назорати бонкӣ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва роҳандозии стандартҳои нави байналмилалӣ дар фаъолияти бонкӣ, ислоҳоти ҷиддии низоми бонкиро оғоз намуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳот дар низоми бонкии кишвар, инчунин, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти молиявӣ ва институтсионалии бонки танзимгар ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии фаъолияти низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бори нахуст Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019-ро таҳия ва тасдиқ намуд.
Нақшаи стратегии мазкур ҳамчун роҳнамо барои татбиқи ислоҳот дар тамоми ҷанбаҳои асосии фаъолияти низоми бонкӣ мавриди истифода қарор гирифт ва ҳадафи асосии он солимгардонии фаъолияти БМТ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии низоми бонкӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамзамон, Нақша бахшҳои сиёсати пулию қарзӣ, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ, инфрасохтори низоми пардохтӣ, таҳкими идорасозии хавфҳо, идоракунии фаъолияти амалиётӣ, танзими сармояи БМТ, ба эътидол овардани нишондиҳандаҳои молиявӣ, фаъолияти аудиторӣ, мониторинги молиявӣ, назорати суғуртавӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро дар бар мегирифт.
Бо татбиқи чорабиниҳои Нақшаи стратегӣ таҷдиди сохтори институтсионалии БМТ, устувори вазъи молиявии он, мутобиқ гардидани заминаи меъёрии ҳуқуқии бонкӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, мукаммал шудани заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, беҳтар гардидани идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва устувории нишондоди он, рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ ва зиёд гардидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, вусъат ёфтани механизми танзиму назорати бонкӣ ва идоракунии хавфҳои низом ва ғайра ба даст оварда шуд.
Боиси зикр аст, ки дар ин давра бо мақсади пурзӯр намудани танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби БМТ 6 қонун дар таҳрири нав, 41 маротиба тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 61 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав, 43 маротиба тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, дар умум, 149 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Зикр бояд кард, ки тибқи Нақшаи фавқуззикр бо мақсади таҳкими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои асосии молиявии низоми бонкӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирӣ, пурзӯр кардани заминаи сармоявӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, аз ҷониби БМТ ба сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат, яъне аз зиёд намудани шумораи ташкилотҳо ба беҳтар кардани сифати фаъолияти онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар натиҷаи ислоҳоти гузариши низоми бонкӣ аз миқдор ба сифат, дар давоми солҳои 2015-2024 иҷозатномаи 93 ташкилоти қарзии молиявии ноустувору ғайрифаъол, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ҷавобгӯ набуда, пайваста меъёрҳои мақбули муқарраршударо риоя намекарданд, инчунин ташкилотҳои қарзие, ки шакли ҳуқуқиашонро иваз намуданд, бозхонд карда шуда, ба 21 ташкилоти қарзии молиявӣ (бо назардошти азнавташкилдиҳӣ), аз ҷумла 8 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 10 ташкилоти амонатии қарзии хурд ва 2 фонди қарзии хурд иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз кам шудани шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давоми солҳои 2015 -2024, яъне аз 123 адад ба 65 адад расидани онҳо, нишондиҳандаҳои асосии молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамин давра аз ҳисоби ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти самаранок ва солимро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ роҳандозӣ менамоянд, ҳамасола тамоюли зиёдшавӣ дошта, нишондиҳандаҳои мазкур бамаротиб баланд гардидаанд.
Барои мисол:
дороиҳои низоми бонкӣ аз 18,6 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то 47,5 миллиард сомонӣ ба 31-уми декабри соли 2024 расидааст, ки афзоиш 2,5 маротибаро ташкил медиҳад;
сандуқи қарзии низоми бонкӣ ба 31-уми декабри соли 2024, 21,4 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба 11,2 миллиард сомонии соли 2015, 10,1 миллиард сомонӣ ё 1,9 маротиба зиёд гардидааст;
сармояи низоми бонкӣ аз 2,4 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то 9 миллиард сомонӣ ба 31-уми декабри соли 2024 расидааст, ки афзоиш 6,6 миллиард сомонӣ ё 3,7 маротиба мебошад.
Амонатҳои низоми бонкӣ ба 31-уми декабри соли 2024, 25,5 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба 8,6 миллиард сомонии соли 2015, 16,9 миллиард сомонӣ ё қариб 3 маротиба зиёд гардидааст.
Афзудани амонатҳо ва пасандозҳо дар давраи таҳлилӣ аз тадриҷан баланд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамзамон, дар раванди татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ бо мақсади муайян кардани сифати аслии дороиҳо ва ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ, сиёсати пурзӯр намудани назорат аз рӯи воқеият таъмин кардани шаффофияти ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷаи таъмини шаффофияти ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, соли 2016 муайян карда шуд, ки ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзии низоми бонкӣ хеле баланд буда, он ба 46,8 фоиз баробар мебошад. Нишондиҳандаи мазкур хеле нигаронкунанда буда, аз мақоми назоратӣ андешидани чораҳои фаврии ислоҳиро тақозо менамуд. Бо мақсади кам намудани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, аз ҷониби БМТ санадҳои меъёрии дахлдор дар самти таснифи дороиҳо, ташаккули захираву фондҳо ва идоракунии хавфи қарзӣ тибқи таҷрибаи муосир бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ такмил дода шуда, якчанд санади нав таҳия ва қабул шуд.
Дар баробари ин, БМТ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол корбариро аз рӯи ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ алоҳида ба роҳ монда, барои ташкилотҳое, ки сатҳи қарзҳои ғайрифаъолашон зиёда аз 30 фоизро ташкил медод, пешниҳоди Нақшаи чорабиниҳои дахлдорро ҷиҳати баргардондани чунин қарзҳо талаб намуд. Нақшаи мазкур пас аз тасдиқ аз ҷониби Шурои нозирони ташкилотҳои қарзӣ ба БМТ пешниҳод гардида, вобаста ба он қарори дахлдори раёсати БМТ қабул карда шуда, иҷрои он пайваста аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ назорат мегардид.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки мутахассисони алоҳидаи БМТ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба баргардондани қарзҳои таъхирафтодаи баъзе ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзида, дар ин самт низ саҳми арзанда гузоштанд.
Бо назардошти чораҳои андешидашудаи зикршуда, аз соли 2016 то ба имрӯз ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар таркиби сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба таври назаррас коҳиш ёфта, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2024 ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар таркиби сандуқи қарзӣ 7,1 дарсадро ташкил намуд, ки нисбат ба охири соли 2016 ин нишондиҳанда 39,7 банди фоизӣ кам мебошад. Илова бар ин, аз рӯи ҳамаи қарзҳои ғайрифаъол фонди пӯшондани талафоти имконпазир ташаккул дода шуда, таъсири манфии он ба сармоя вуҷуд надорад.
Бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ба роҳ мондани батанзимдарории фаъолияти ташкилотҳои қарзии мушкилотдор аз ҷониби БМТ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ қонунҳои соҳавӣ такмил дода шуда, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Бо назардошти тағйироти воридшуда БМТ ҳамчун мақоми батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ эътироф гардида, аз ҷониби он чораҳои батанзимдарории фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷорӣ гардид. Дар баробари ин, мафҳумҳои “бонки мутавассит” ва “ташкилоти идоракунии дороиҳо”, ки қаблан дар қонунгузорӣ мавҷуд набуданд, бо назардошти тартиби ташкил ва танзими фаъолияти чунин ниҳодҳо дар қонунгузории бонкӣ ворид гардиданд.
Яке аз самтҳои дигаре, ки дар раванди ислоҳоти низоми бонкӣ аз ҷониби БМТ бомуваффақият татбиқ карда шуд, ин беҳтар ва пурзӯр намудани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷода, зикр бояд, кард, ки БМТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии корпоративӣ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуд. Инчунин, ҷиҳати аз байн бурдани хешутаборбозӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва мустаҳкам намудани низоми идоракунии корпоративӣ дар онҳо, ваколату уҳдадориҳои мақоми идора, иҷроия, аудит ва кумитаҳои дахлдори ташкилотҳои қарзии молиявӣ такмил дода шуда, ба таври аниқ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим гардиданд.
Ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва ба роҳ мондани интизоми бозории ташкилотҳои қарзии молиявӣ БМТ таъмини фаъолияти шаффофи ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ монда, бо ин мақсад, маълумот дар бораи саҳмиядорони асосии бонкҳо, сармоягузории бонкҳо ба сармояи ташкилотҳову корхонаҳои дигар ва нишондиҳандаҳои асосии молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар сомонаи хеш мунтазам ҷой менамояд.
Ҳамзамон, бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, инчунин, ҷараёни назоратӣ дар самти сармоягузориҳои ташкилотҳои қарзӣ ба принсипҳои асосии Кумитаи Базелӣ оид ба самаранокии назорати бонкӣ охири соли 2019 Дастурамали №239 “Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ” таҳия, тасдиқ ва ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки дар натиҷа он ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми бонкии мамлакат ва таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ заминаи устувор гузошт.
Дар ин раванд, баъд аз таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои молиявии онҳо, ҳаҷми сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба низоми бонкӣ афзуда, ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар сармояи умумии низоми бонкӣ аз 20,7 дарсад дар соли 2016 ба 27,7 фоиз ба 31-уми декабри соли 2024 расонда шуд.
Дар ин ҳангом, дар умум, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2024 ба маблағи 4 190,9 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 88,7 дарсад зиёд мебошад. Аз ин сармоягузориҳои ҷалбшуда 31,6 миллион доллари ИМА ба сармоягузориҳои мустақим, 0,8 миллион доллари ИМА ба сармоягузориҳои ҷомадонӣ ва 4 158,5 миллион доллари ИМА ба сармоягузориҳои дигар тааллуқ доранд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҷиҳати рушди низоми бонкӣ, тавсеаи хизматрасониҳои бонкӣ ва мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, БМТ раванди ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ – низоми бонкдории исломиро дар кишвар суръат бахшида, дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад, барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ аз соли 2016 то инҷониб 27 санади меъёрии ҳуқуқии вобаста ба бонкдории исломӣ таҳия ва қабул гардид.
Дар натиҷаи ислоҳоти гузарондашуда дар самти мазкур, ба 1 бонки исломӣ (ҶСК “Тавҳидбонк”) ва 3 равзанаи бонкии исломӣ (равзанаҳои бонкии исломии ҶСК ТАҚХ “Ҳумо”, ФҚХ “Имон” ва ҶСП ТАҚХ “Сандуқ”) иҷозатнома дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби 2 ташкилоти қарзии молиявии кишвар ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкии исломӣ барои муштариён, бастаи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дарёфти иҷозатнома ба БМТ пешниҳод шуд, ки айни замон дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиши ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Дар натиҷаи татбиқи Қонуни мазкур тавассути низоми бонкӣ беш аз 8 миллиард сомонӣ маблағҳои шаҳрвандон қонунӣ гардиданд.
Инчунин, бо ташаббуси БМТ тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ворид карда шуд, ки мутобиқи ин тағйиру иловаҳо доираи пасандоздорони суғурташаванда тавсеа ёфта, ба он, инчунин, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дохил карда шуданд. Ҳамзамон, имкониятҳои бехатари идоракунии пардохтпазирӣ ва сармоягузорӣ барои Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин ба таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат хоҳад кард.
Низоми идоракунии хавфҳо, аз ҷумла баҳодиҳӣ, маҳдудсозӣ ва дуруст муайян кардани хавфҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ яке аз самтҳои асосӣ ба шумор рафта, ҳифзи манфиатҳои саҳмиядорон, амонатгузорон ва қарздеҳонро таъмин менамояд. Бинобар ин, БМТ зимни гузарондани ислоҳоти низоми бонкӣ ба пурзӯр намудани низоми идоракунии хавфҳо аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Вобаста ба ин, дар солҳои охир дар низоми бонкӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани идоракунии хавфҳо қабул гардиданд.
ИДОРАКУНИИ КОРПОРАТИВӢ – ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ФАЪОЛИЯТ
Дар идомаи ислоҳот БМТ ба масъалаи идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро ин масъала дар солҳои охир яке аз самтҳои муҳим ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолият арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму мулоқотҳои худ мунтазам ба масъалаи риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар ниҳодҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва пайваста Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми танзимгар вазифадор менамоянд. Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат БМТ барои таҳкими низоми назорати бонкӣ ва баланд бардоштани сифати идоракунии корпоративӣ, ки яке аз усулҳои муҳими идоракунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ маҳсуб меёбад, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Таҷриба нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилот дучор шудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто барҳам хӯрдани онҳо, дуруст ба роҳ намондани низоми идоракунии корпоративӣ мебошад.
Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, БМТ масъалаи низоми идоракунии корпоративиро дар низоми бонкӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати ислоҳоти худ қарор дода, тибқи таҷрибаи давлатҳои пешқадам, рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар чанд соли охир барои тақвияти он тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар натиҷа, ба қонунгузории соҳаи бонкӣ тағйиру иловаҳои дахлдор оид ба низоми идоракунии корпоративӣ ворид шуд, аз ҷумла дар қисмати идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, ваколатҳои Шурои нозирон, талабот ба узви Шуро, ваколату уҳдадориҳои Кумитаи аудит, тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ мутобиқ ба стандартҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ таҷдид карда шуд.
Ҳамин тавр, масъалаи идоракунии корпоративӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, ”Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, аз ҷумла Роҳнамо оид ба принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба танзим дароварда шуд ва риояи он дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби БМТ мавриди назорати доимӣ қарор дорад.
КОҲИШИ ФОИЗИ ҚАРЗҲО
Сиёсати қарздиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкӣ маҳсуб мегардад ва имрӯз ин раванд дар кишвар хеле тақвият ёфтааст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат ба масъалаи дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявии осону арзон дар Паёму баромадҳояшон ҳамеша таваҷҷуҳ мекунанд. Имрӯз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамчун миёнарави молиявӣ пешниҳоди қарзҳоро ба мизоҷон аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи музднок бо муҳайё намудани тамоми шароиту имконот амалӣ менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳодшаванда, дар БМТ гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад, ки, асосан, таҳлилҳои заруриро дар самти муайян намудани арзиши қарз, истифодаи пурраи иқтидорҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва коҳиш додани ҳиссаи хароҷоти дуюмдараҷа мегузаронад. Роҳбарияти БМТ дар асоси таҳлилҳои гурӯҳи корӣ бо роҳбарон ва масъулини ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамкорӣ намуда, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур ва тавсияҳои мушаххас медиҳад, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ, ки барои коҳиш додани фоизи қарзҳо замина муҳайё мекунанд.
Натиҷаи чораҳои андешидаи БМТ буд, ки дар давоми солҳои 2017 то охири соли 2024 меъёри миёнавазни қарзҳои бо пули миллӣ додашуда аз 28,18 фоиз то 22,12 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 21,05 фоиз то 11,74 фоиз поён бурда шуд. Барои боз ҳам дастрас шудани маблағҳои қарзӣ ва поён бурдани фоизи қарзҳо БМТ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ корҳои заруриро идома хоҳад дод.
ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО
Назар ба 5 соли қаблӣ имрӯз ташкилотҳои қарзии молиявӣ доираи хизматрасониҳои худро хеле васеъ гардонда, барои дастрасии молиявии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки раванди додани қарз сода ва осон гардад. Дар ин самт як намуд рақобати солим байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба миён омадааст, ки боз ҳам барои рушди қарздиҳӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати тақвияти низоми идоракунии хавфҳо якҷо бо шарикони рушд тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дастурамали нав – Дастурамали №247 “Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ”-ро таҳия ва қабул намуд. Ҳадаф аз қабули ин ҳуҷҷати муҳим муайян намудани талабот нисбат ба ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад.
ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОРИ ПАРДОХТӢ ВА РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РАҚАМИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Солҳои охир БМТ барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи технологияҳои рақамӣ тадбирҳои муҳим андешидааст. Ин тадбирҳо ба густариши имкониятҳои дастрасии молиявии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири пардохтӣ мусоидат менамоянд. Ҷорӣ намудани технология ва маҳсулоти нави молиявии рақамӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон медиҳад, ки ба муштариёни худ роҳҳои осон, мусоид ва самараноки идоракунии маблағҳоро пешниҳод намоянд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низоми пардохтӣ ва густариши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои рақамии молиявӣ, ду стратегияи муҳими давлатӣ қабул гардидааст: Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 ва Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026. Ин стратегияҳо рушди минбаъдаи хизматрасониҳои пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои рақамии муосирро дастгирӣ мекунанд.
Дар ин раванд, соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ" мавриди амал қарор гирифт. Ин Қонун ба рушди устувори низоми пардохтӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии муосир заминаи мусоид гузошт. Яке аз қадамҳои муҳими дигар, ки ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дод, тасвиби фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" мебошад. Тибқи ин фармон, пардохти ҳамаи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати иҷрои ин фармон, БМТ якҷо бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои молиявӣ тадбирҳои амалӣ андешиданд, ки дар натиҷа имрӯз аҳолӣ бо истифода аз суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва замимаҳои мобилӣ хизматрасониҳои давлатиро пардохт карда метавонанд.
Аз ҷумла, бо ибтикори БМТ ҳамгироии низомҳои пардохтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо низоми қабули пардохтҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк», ки барои ҷамъоварии маблағҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои муздноки давлатӣ солҳои тулонӣ муваззаф гардида буд, имкон фароҳам овард, ки пардохти хизматрасониҳои давлатӣ бо истифода аз дилхоҳ замимабарномаи мобилии дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом дода шавад.
Нишондиҳандаҳои оморӣ рушди босуръати инфрасохтори пардохтӣ ва зиёд шудани шумораи истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамиро тасдиқ мекунанд. Ба таърихи 31-уми декабри соли 2024 шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ 8,4 миллион ададро ташкил дод, ки дар панҷ соли охир 4 маротиба афзудааст. Шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 12,1 миллион адад расида, 35 маротиба афзудааст. Дар кишвар 25 намуди ҳамёни электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мавриди истифода қарор гирифтааст ва ин теъдод мунтазам меафзояд.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз соли 2019 насби QR-рамзҳои пардохтиро дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ оғоз намуданд. Ин технология хароҷоти камтар дошта, барои истифодабарандагон имконияти васеи пардохти ғайринақдиро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, бо мақсади тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ, таъмини дастрасии доираи васеи аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, БМТ лоиҳаи QR-рамзи ягонаро амалӣ намуд, ки дар натиҷа аз 1-уми августи соли 2023 пардохти молу хизматрасонӣ бо истифодаи QR-рамзи ягона имконпазир гардид. Татбиқи QR-рамзи ягона имкон дод, ки муштариён дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ бо истифода аз ҳамёнҳои электронии дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ тариқи QR–рамзи ягона пардохти молу хизматрасониро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
То охири соли 2024 дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ зиёда аз 19,9 ҳазор QR-рамзи ягона насб карда шуд, ки дар панҷ соли охир ин нишондиҳанда 10 маротиба зиёд гардидааст.
Ба интиҳои соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва муассисаҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, дар маҷмуъ, 11 955 терминали электронӣ насб гардид, ки шумораи онҳо дар 5 соли охир 2,2 маротиба афзуд.
Соли 2024 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ, маблағи амалиёти гирифтани пули нақд 85,5 миллиард сомонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ 30,4 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми умумии амалиётҳо дар соли 2024-ум 26,2 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2019-ум 19,3 банди фоизӣ зиёд шудааст.
Ба хотири содатар, босуръат ва бехатар анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, дар ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ, аз ҷониби бонкҳои ватанӣ хизматрасонии Google Pay дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Тоҷикистон 74-умин кишвар дар ҷаҳон мебошад, ки ин хизматрасониро дастрас кардааст. Илова бар ин, технологияи Garmin Pay (GPay) аз моҳи июни соли 2024 ҷорӣ гардид ва он ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки тавассути соатҳои ҳушманди Garmin пардохтҳои худро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Дар оянда, бо рушди рақамикунонии равандҳои молиявӣ ва татбиқи технологияҳои нав, интизор меравад, ки ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар боз ҳам афзояд.
Татбиқи ислоҳот ва технологияҳои нав дар соҳаи пардохтҳои ғайринақдӣ ба рушди устувори низоми молиявии кишвар мусоидат намуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявии рақамиро беҳтар мегардонад. Ин раванд на танҳо сатҳи хизматрасониро баланд мебардорад, балки шаффофияти молиявӣ ва самаранокии низоми пардохтиро низ таъмин мекунад.
АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ҲИМОЯ АЗ КИБЕРҲАМЛАҲО
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, низоми бонкӣ яке аз ҷузъҳои асосии низоми моливӣ буда, амнияти иттилоотӣ, махсусан амнияти киберӣ, дар он нақши муҳим дорад. Бо ин мақсад ва барои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ ва ҳимоя аз киберҳамлаҳо дар БМТ ба таври доимӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз тарафи БМТ “Талабот оид ба таъминоти барномавию техникӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ” таҳия ва тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва айни замон дар низоми бонкӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Ҳамзамон, БМТ ба нақша гирифтааст, ки сиёсат ва стандартҳои амният, ки ба қоидаҳои байналмилалӣ мувофиқанд, аз ҷумла стандартҳои соҳаи ҳифзи иттилоот ISO/IEC 27001, NIST Framework Cybersecurity ва ғайра, омода ва дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд. Дар ин замина, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бонк ба таври даврӣ такмил дода шуда, вобаста ба пешрафти технологияҳои иттилоотӣ дар ҳолати актуалӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамзамон, дар БМТ бо мақсади пешгирии бурунрафти маълумот ва киберҳамлаҳо аз технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи деворҳо, системаҳои пешгирии ҳамла ва сегментатсияи шабака, технологияи рамзгузории маълумот бо истифода аз стандартҳои муосири криптографӣ ҳангоми истифодаи маълумоти дорои сирри бонкӣ истифода карда мешаванд. Вобаста ба таъмини амнияти каналҳои интиқоли маълумот ва ҷиҳати танзими бехатарии дастрасӣ дар низомҳои бонк, технологияҳои муосир, аз қабили TLS, VPN ва аутентификатсияи бисёромила (MFA) дар истифодаанд.
Дар баробари ин, барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садама дар низомҳо аз тарафи мутахассисони БМТ мониторинги доимии фаъолияти шабака ва сабти рӯйдодҳо ба роҳ монда шудааст. Таҳлили мунтазами гузоришҳо ва санҷиши низомҳо барои осебпазирӣ, навсозии таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти техникии истифодашаванда, насби доимии навсозиҳои амниятӣ низ яке аз унсурҳои баланд бардоштани амнияти иттилоот ба ҳисоб рафта, дар БМТ татбиқ гаштаанд.
БМТ раванди нусхабардории эҳтиётии низомҳо ва санҷиши барқарорсозии маълумот аз нусхаҳои эҳтиётиро ба роҳ мондааст. Дар ин самт, дар БМТ санади меъёрии махсус, Дастурамал оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садама дар низомҳои иттилоотӣ таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бо ҷалби мутахассисони яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аудити соҳаи технологияҳои иттилоотии БМТ ва аудити мутобиқат ба талаботи Swift CSP гузаронда шуд.
Дар ин замина, дар соли 2024 аз тарафи БМТ дар якчанд ташкилотҳои қарзии молиявӣ санҷиши соҳаи технологияҳои иттилоотӣ гузаронда шуда, аз рӯи натиҷаи он пешниҳодҳо роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иттилоот ва чораҳои зарурӣ барои пешгирии ҳамлаҳои киберӣ тавсия гардиданд.
Дар ин радиф, БМТ ҷиҳати баланд бардоштани ҳифзи иттилоот ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, ҳамкориро бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ зичтар намуда, рушди танзиму назорати самти мазкурро ҳам дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳам дар худи БМТ идома хоҳад дод.
«ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ»
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи баимзорасонии Созишномаи Париж Стратегияи миллии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037-ро қабул намуд. Тибқи Стратегияи мазкур, БМТ нақшаи чорабиниҳои дохилиро дар бораи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037-ро таҳия ва бо фармони БМТ аз 17-уми ноябри соли 2022, №206/фф тасдиқ намуд. Инчунин, барои амалисозии Стратегияи мазкур гурӯҳи корӣ бо фармони БМТ аз 31-уми майи соли 2024, №95/фф таъсис ёфт. Гурӯҳи корӣ дар рафти фаъолияти худ, таҷрибаи бонкҳои марказии дигар кишварҳоро дар самти фаъолияти низоми бонкӣ аз рӯйи принсипҳои “иқтисоди сабз” омӯхта, дар заминаи он “Роҳнамо оид ба маҳсулоти бонкӣ аз рӯйи принсипҳои “иқтисодиёти сабз”-ро таҳия намуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини шаффофият ва раванди иттилоотдиҳӣ дар “иқтисодиёти сабз” бори нахуст дар сомонаи БМТ қисми алоҳидаи “Маблағгузории сабз” таъсис ёфта, дар он маводи дахлдор ҷойгир карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки БМТ 27-уми декабри соли 2023 ба Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (“NGFS”) ва 8-уми декабри соли 2023 ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (Sustainable Banking Finance Network) шомил гардид, ки ин иқдом ба афзудани имкониятҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор дар самти рушди идорасозии хавфҳои муҳити зисту иқлим дар бахши молиявии Тоҷикистон ва ҷалби маблағҳо барои дастгирии раванди гузариш ба “иқтисодиёти сабз” мусоидат менамояд.
ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ
Ҷиҳати таҳкими танзиму назорати бонкӣ БМТ бо як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим барои таҳкими танзиму назорати бонкӣ ҷорӣ кардани стандартҳои базелӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, БМТ айни замон бо кумаки молиявии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ раванди дар амал татбиқ намудани стандартҳои Базел III, назорати ба хавф нигарондашуда ва баҳогузории хавфҳои иқлимӣ дар низоми бонкиро оғоз намудааст. Дар баробари ин, айни замон бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар рафти ҳамкории дуҷонибаи БМТ бо Бонки осиёии рушд дар самти рушди бонкдории исломӣ як қатор корҳо ба анҷом расида, айни замон пешбинӣ шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” мувофиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ такмил дода шавад. Такмили ин Қонун ба рушди бонкдории исломӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, БМТ барои такмили низоми назорати бонкӣ саъю талош варзида, ҷиҳати риояи меъёрҳои мақбул аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвияти вазъи молиявии онҳо ва баланд бардоштани сифати идоракунии корпоративӣ, кам кардани хавфҳо ва қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба низом, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳаи бонкӣ фаъолияти худро равона месозад.
ШАРИФЗОДА Фирӯз Ҳомиддин, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон