Баргашт Чоп кардан

ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД КИШВАРҲОИ СУЛҲХОҲИ ҶАҲОНРО ХУШҲОЛ КАРД

31-уми марти соли 2025 на танҳо барои миллати тоҷик, балки тамоми мардумони минтақа санаи муҳими таърихӣ эътироф гашт. Имзои Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сокинони сайёра сазовори таҳсину офарин шуд. Ин амри воқеан фараҳбахш – дӯстии кишварҳои ҳамсоя, ки билохира ба таври расмӣ анҷом ёфт, шодиву нишоти халқҳои бародари се кишварро ба бор овард. Далели ин гуфтаҳо нашри матолиб, хабару гузоришҳои бонуфузтарин расонаҳои дунё доир ба Тоҷикистон мебошад, ки тули ҳафтаи охир дар фазои иттилоотии ҷаҳон ба таври васеъ инъикос гардиданд.
Яке аз машҳуртарин расонаҳои ҷаҳони араб “Ал-Арабия” доир ба рӯйдодҳои охири Тоҷикистон зери унвони “Арабистони Саудӣ аз созиши миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол мекунад” мавод нашр кард. “Ал-Арабия” иттилоъ медиҳад, ки Арабистони Саудӣ аз созишномаи сеҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муайян кардани нуқтаи иртибототи се марзи байналмилалӣ ва имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии байни се кишвар истиқбол кард. Манбаъ хабар медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ба муносибати имзои созишнома самимона табрик гуфта, ба онҳо субот ва шукуфоии давомдорро таманно кардааст.
Агентии иттилоотии Саудӣ “SPA” дар робита ба мулоқоти сеҷонибаи сарварони кишварҳои мазкур, зери рубрикаи “Сиёсат”, хабару гузориш таҳия ва пахш намуд. Агентӣ бо сарлавҳаи “Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз имзои қарордод дар бораи марзҳои муштараки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истиқбол мекунад” менависад: “Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол кард”.
Тавре Агентӣ хабар медиҳад: “Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо се кишварро бо ин дастоварди таърихӣ, ки раванди таъини марзи байни онҳоро саранҷом мегузорад ва ба равобити стратегӣ такони нав медиҳад, табрик гуфт. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин дастоварди бузурги се кишвар ба таҳкими пояҳои амният, субот, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард”.
Мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин, иштирокашон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, аз нигоҳи BBC низ ба таври густурда ва мусбат инъикос гардид.
31-уми март хабаргузории BBC гузориши муфассалеро зери унвони "Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд созишномаи марзӣ имзо карданд” нашр кард. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар бораи пайванди марзҳои се кишвар созишномаеро имзо карданд. BBC менависад: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои ин созишномаро як рӯйдоди хеле муҳим хонд”. Дар гузориш зикр шудааст: “Натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи сарварони се кишвари ҳамсоя ба таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии накӯ, ҳусни тафоҳум, эҳтиром, эътимоди мутақобила, ҳамкориҳои созанда ва муассир мусоидат хоҳад кард”.
Ҳамчунин, дар гузориш омадааст: “Ин се кишвар тавонистанд, ки тамоми мушкилоти худро тавассути гуфтушунид ҳал кунанд”. Нуктаи ҷолиб ва муҳим дар маводи нашрнамудаи BBC он аст, ки “Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар мавриди ҳалли баҳсҳои марзӣ бидуни миёнҷигарии кишварҳои дигар ба тавофуқ расиданд ва барои тавсеаи равобити сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона замина боз карданд. Ин барои ояндаи минтақа муҳим аст, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳои амниятӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва тамаддунӣ рӯ ба рӯ ҳастанд”.
Ба ин тарз, таҳия ва пешниҳоди мавод аз ҷониби яке аз бонуфузтарин расонаи хориҷӣ, ки дар тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон фазосозӣ мекунад, муждаи нек аст. Ин як нав эътироф ва эътимод ба қувваи созандагии кишварҳои мазкур мебошад.
Ҳамин тавр, расонаҳои хориҷӣ дар мавриди мулоқоту вохӯриҳои се кишвари ҳамсоя хабару гузориш зиёд нашр намуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”