Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шудани мулоқоти сеҷонибаи президентҳои се кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар байни аҳли илму маърифат ва доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон ҳамовозиҳои хеле хуб ба бор овард. Онҳо раванди ин воқеаи таърихиро бо иштиёқ ва таваҷҷуҳи хос пайгирӣ карданд. Ҳоло дар зер фикру ақидаҳои бархе аз онҳо пешниҳоди хонандагони «Ҷумҳурият» мегардад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик»:
– 31-уми март шаҳри Хуҷанд мулоқоти президентҳои се кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро мизбонӣ кард. Бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки ин мулоқот аҳамияти калони таърихиро касб намуд. Зеро масъалаҳои муҳими се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки солҳо ҳаллу фасли он ба таъхир меафтод.
Бар асоси натиҷаҳои музокирот Созишнома оид ба нуқтаи пайвасти марзҳои давлатии се кишвар ба имзо расид, ки барои таъмин намудани субот ва рушди устувор, баланд бардоштани нуфузи байналмилалии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Банда бо ин ҳарфҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ифтихор намудам, ки аз иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд ва афзуд: «Маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин як мулоқоти таърихӣ ташкил шуд. Ҳаргиз гумон намекардам, ки чунин мулоқот ба вуқуъ мепайвандад» ва мо ба ин ифтихори бузург сазовор мегардем.
Ин баҳои хеле баланд ба ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин пайкор нақши муассир гузоштааст. Бовар дорам, ки минбаъд дӯстиву рафоқати мардуми се кишвари ҳамҷавор таҳким меёбад ва домани ҳамкориҳои онҳо фарохтар мегардад. Чунин дастоварди муҳим ва таърихӣ барои мардуми се кишвар муборак бод!
Дилшоди МИРЗОРАҲМАТ,
соҳибкор аз вилояти Фарғона:
– Чанде пеш иттифоқ афтод, ки дар як форуми иқтисодии минтақавӣ ширкат намоям. Он ҷо як гурӯҳ соҳибкорон аз вилояти Суғди Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ҳоло аз он хурсандам, ки дар вилояти Фарғона бо сармояи соҳибкорони тоҷик корхонаҳои зиёд фаъолият мекунанд.
Ин аз вақте шуруъ шуд, ки робитаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор гардиданд ва ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, хусусан дар бахши иқтисод, беш аз пеш доман фарох намудааст. Ҳоло соҳибкорони тоҷик аз хоҷагии фермерии ман меваи хушк мехаранд ва баъди интиқол ба Тоҷикистон мавриди коркард қарор медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки беш аз 20 корхона танҳо дар вилояти Фарғона бо сармояи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Аз ин шумор 13-тои он корхонаи муштарак ва 7-тои он сирф корхонаи хориҷӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулот машғул аст. Гузашта аз ин, дар доираи ду лоиҳаи дигар, ки татбиқи он низ дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ҳамкориҳо беш аз пеш вусъат меёбанд.
Ҳамоиши шаҳри бостонии Хуҷандро аз сар то анҷом тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” мустақим тамошо кардам. Дарк намудам, ки дӯстии се кишвар таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров бор меоварад ва зиндагии мардум ранги дигар пайдо мекунад. Умедворам, ки бо имзои Созишнома масъалаҳои марзии се кишвар куллан ҳаллу фасл шуда, дӯстиву рафоқат тантана хоҳад кард.
Анвар ҶӮРАЕВ,
сухангӯи ҳокимияти ноҳияи Сӯх:
– Маросими имзои Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ сокинони ноҳияи Сӯхи дурдастро хеле хушҳолу хурсанд намуд. Онҳо бо умеду орзуҳои нек раванди мулоқоти сарварони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро, ки дар меҳвар ҳалли масъалаҳои марзиро қарор дода буданд, пайгирӣ карданд. Ноҳияи Сӯх аз чор тараф дар иҳотаи қаламрави вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ гаштааст ва мардуми он дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон хешу ақрабо доранд ва ҳанӯз баъзе мушкилиҳои марзӣ пеш меоянд, ки интизор меравад, минбаъд аз байн хоҳанд рафт.
Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев шароит фароҳам омад, ки ҳам мардуми Сӯх ва ҳам хешовандони тоҷикистонии онҳо ба аёдати ҳамдигар муваффақ шаванд ва тӯю мотамашонро бо ширкати якдигар гузаронанд. Аммо ҳанӯз барои тоҷикистониёне, ки мехоҳанд аз Сӯх боздид кунанд, як монеа боқӣ мондааст: онҳо аз роҳи заминӣ вориди Сӯх шуда наметавонанд. Ин кор танҳо ба василаи ҳавопаймо имконпазир мебошад, аммо агар обу ҳаво бад мешавад ва ё баъзан тармими ҳавопаймои АН-2 тақозо гардад, наметавонанд сари вақт аз қаламрави Сӯх берун шаванд ва ба Ватан баргарданд.
Мардуми Сӯх маросими мутантани кушодани бурҷи «Дӯстӣ»-ро, ки рамзи таҳкими равобити ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии стратегии кишварҳои бародарро ифода мекунад, низ бо эҳсоси баланд тамошо карданд. Онҳо бар ин боваранд, ки робитаҳои миёни се кишвар вусъат меёбанд ва таҳкими дӯстиву рафоқати байни ӯзбекон, тоҷикҳо ва қирғизҳо аз пештара дида мустаҳкам хоҳад шуд. Инчунин, тамоми роҳҳо боз мегарданд, равуо содатар мешаванд, убури қаламрави якдигар барои шаҳрвандони се кишвари ҳамҷавор ягон мушкил эҷод наменамояд. Бе муҳобот, бар ин назарам, ки дар пеши ҳамаи ин ташаббусҳои нек Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва ҳамаи нақшаҳои ҳамсоядории нек мавриди иҷро қарор мегиранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Тошкент