Баргашт Чоп кардан

МИЛИТСИЯИ ХАТЛОН ВА СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ

Аз қадим китоб як рукни тамаддун ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии мардуми асолатофари тоҷик аст. Гузаштагону бузургони мо китобро “ҷавшани ҷон”, “чароғи раҳнамо”, “аниси кунҷи танҳоӣ" ва "фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд. Имрӯз низ илму маориф, фарҳанг ва китобу китобхона дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ иброз доштанд: “Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо, илму дониши бостонӣ, хираду заковати халқҳо ва наслҳоро зинда медорад”.
Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони азиз бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷараён доранд.
Дар пайравӣ ба сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, ҷалби бештари қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ, тибқи амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳудуди вилоят соли 2025 - Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид.
Дар ин замина, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии кормандон, бахусус ҷавонон ва сатҳу сифати забономӯзии ҳайати шахсӣ, диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро дар шароити муосир таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат ба донишу малакаи касбии ҳар як афсар вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти ин масъала ва бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифат ва завқи китобхонии кормандони милитсия дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон китобхона фаъолият дорад, ки дар он кормандони милитсия метавонанд бе ягон мушкилӣ китобҳое, ки барои онҳо заруранд, мутолаа намоянд.
Дар китобхона наздики 2 000 адабиёти илмӣ, соҳавӣ, китобҳои бадеӣ, сиёсӣ, таърихӣ, аз ҷумла китобу асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷой дода шудаанд.
Ба фонди китобхона, ҳамчунин, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва дигар дастуру барномаҳои таълимӣ барои ҳайати шахсӣ пайваста ворид карда мешаванд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"