Баргашт Чоп кардан

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Саидҷаъфар Музаффаров, ҷарроҳи колопроктолог (узвҳои дарунӣ), номзади илмҳои тиб, яке аз ворисони Синои бузург аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Бо роҳхати Донишгоҳ ӯ ба вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон) омада, дар беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) ба номи Б. Воҳидов ба ҳайси табиби таҷрибаомӯз дар шуъбаи ҷарроҳӣ ба фаъолият пардохт. Табиби исавиҳуш, ки буд, дере нагузашта зинаҳои баланди кориро тай кард. Мудири шуъба, муовини сартабиб оид ба соҳаи ҷарроҳӣ таъин гашт. Солҳост, ки ӯ ҳамчун узви фаъоли Ассотсиатсияи колопроктологҳо дар конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Тошкент, Бишкек, Алмаато ширкат варзида, дастовардҳои тибби вилояти Хатлон ва Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Табиби ҳозиқ Саидҷаъфар Музаффаров солҳои 90-уми қарни гузаштаро, ки шаҳри Қӯрғонтеппа маркази даргириҳо буду ҷони инсон барои силоҳбадастон мисли донаи ҷав қадр надошт, бо дили пургудоз ба хотир оварда, мегӯяд: "Мо, як гурӯҳ ҷарроҳон ва ҳамшираҳои шафқат, ҷон дар кафи даст, захмиҳои амалиёти ҷангиро ҷарроҳӣ мекардем. Дору, дигар лавозимоти тиббӣ намерасиданд, вале ягон табиб аз бари мариз дур намерафт, мекӯшидем, то ки онҳоро ба по монем. Хушбахтона, бесарусомониҳо дер давом накарданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуданд ва кишвари ҷангзадаи моро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ бахшиданд, сулҳу субот дар мамлакат пойдор гашт".
Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беморхона хароб гашт, як қисми дастгоҳу таҷҳизоти нодирро ба яғмо бурда буданд, духтурони соҳибтахассус тарки вазифа карданд. Ана, дар ҳамин шароит Саидҷаъфар Музаффаров муовини сартабиб таъин гашт. Вай тавонист кадрҳои соҳаи тандурустиро сарҷамъ ва таҷҳизоти замонавӣ дастрас намояд.
42 сол аст, ки Саидҷаъфар Музаффаров дар ҳамин беморхона, ки онро Қарияи Болои шаҳри Бохтар ҳам меноманд, фаъолият дошта, шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Духтараш Парвина дар беморхонаи №3-юми шаҳри Душанбе мисли падар ҷарроҳ аст, писараш Фирӯз низ, пас аз хатми ординатура дар канори падар машғули омӯзиш мебошад. Набераҳояш ҳам аз пайи бобо рафта, табиб шудаанд, яъне сулолаи табибонро созмон додаанд.
Музаффар МУРОДОВ, бойгонишиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон