7 медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё
14-уми апрел дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати самбои Осиё миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва нобиноён оғоз гардид, ки то 18-уми апрел идома меёбад.
Дар ду рӯзи аввал варзишгарони мо сазовори 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ гаштанд. Медали тиллоро Шоҳрух Назаров (-79 кг) миёни нобиноён ба даст овард. Дар самбои варзишӣ миёни калонсолон Деваштич Устопириён (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг) медали нуқра, Муҳаммадҷон Зоидов (-98 кг) медали биринҷӣ, дар самбои размӣ (-88 кг) Холид Толибзода медали нуқра, Худоёр Раҷабзода (-71 кг) ва Рамазон Ҷумъаев (-79 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
БОКС
Муштзанони кишвар аз Боку бо се медал бармегарданд
11-15-уми апрел дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) Мусобиқаи байналмилалии анъанавии бокс “Роҳи бузурги абрешим” доир гашт.
Дар он беш аз 200 варзишгари 9 кишвар – Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Камбоҷа, Черногория, Қирғизистон, Гурҷистон, Русия ва Қазоқистон барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро 8 варзишгар намояндагӣ карда, Меҳроҷ Сӯфиҷонов (51 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Руслан Ғафуров (63,5 кг) ба гирифтани 3 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”